Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Трамп: Амрико бар рӯи мусулмонон баста шавад


Доналд Трамп

Доналд Трамп

Доналд Трамп-номзади пештози мақоми раёсати ҷумҳурӣ аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳи Амрико пешниҳод кард, ки барои вуруд дарвозаҳои Амрико бар рӯи мусулмонон комилан баста шавад. Ин пешниҳод интиқоди номзадҳои дигари раёсати ҷумҳурӣ ва Кохи Сафедро ба бор овардааст.

Ин суханони вай баъд аз тирандозиҳои ҳафтаи гузашта дар Сан Бернардинои Калифорния садо дод. Гуфта мешавад, ки як зану шавҳари мусулмон тирандозӣ кардаанд ва онҳоро созмонҳои ифротӣ ба тундгароӣ ҷалб намудаанд.

7 декабр Трамп гуфт, мамнуияти вуруди мусулмонон бояд то замоне боқӣ бимонад, ки намояндагони Амрико маълум кунанд, ки дар ин кишвар чӣ мегузарад.

Кохи Сафед аз ин изҳороти Трамп интиқод кард ва гуфт, ки он ба арзишҳои Амрико комилан мухолиф аст. Кохи Сафед гуфт, вай барои ҷалби ҳимоят аз маъракаи интихоботии худ бо ин гуфтаҳо бо тарсу ҳароси мардум бозӣ мекунад.

Ҷеб Буш-номзади дигари интихоботӣ аз Ҳизби Ҷумҳурихоҳ ин суханони Трампро “аблаҳона” номид. Ҳилларӣ Клинтон номзади интихоботӣ аз Ҳизби Демократ ин суханони Трампро қобили интиқод, зиёнбахш ва нақшаи нифоқбарангез арзёбӣ кард, ки ба амният зарар дорад.

XS
SM
MD
LG