Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моҷаро дар марзи миёни Тоҷикистону Қирғизистон


Рӯзи 7 декабр миёни сокинони деҳаи Куктоши Қирғизистон ва шаҳрвандони Тоҷикистон моҷаро рух додааст. Бахши қирғизии Радиои Озодӣ аз қавли Кенеш Солеҳов - ҳокими ноҳияи Бодканди Қирғизистон хабар дод, ки нахуст моҷаро миёни як сокини тоҷику қирғиз шурӯъ шуда, баъдан ба он сокинони дигари деҳоти ду тарафи марз ҳамроҳ шудаанд.

Ин манбаъ гуфтааст, қирғизҳо ба сӯи хонаҳои тоҷикон сангпартоӣ карда, тоҷикон тирезаи мактаби Куктошро шикастаанд. Кенеш Солеҳов афзудааст, бар асари ин моҷаро касе осеб надида, баъди ҳозир шудани пулис издиҳом пароканда шудааст.

Гуфта мешавад, ҳоло вазъи манотиқи марзи Тоҷикистон бо Қирғизистон ором будааст. Тоҷикистон бо Қирғизистон 971 километр марзи муштарак дорад, ки аз ин ҳисоб ҳудуди 500 километри мушаххас ва аломатгузорӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG