Пайвандҳои дастрасӣ

ИМА: Ҳавопаймои Русия ба неруҳои Сурия ҳамла кардаанд


Ҳавопаймои бомбаандози Русия

Ҳавопаймои бомбаандози Русия

Намояндаи Пентагон иброз доштааст, ҳавопаймоҳои Русия ба урдугоҳи артиши Сурия зарба задаанд. Неруҳои эътилоф дар фосилаи даҳҳои километр аз шаҳри Дайр-эз-Заур қарор доштаанд.

Пентагон гуфтааст, ки ”мӯътақид” аст,ҳавопаймоҳои бомбаандози Русия ба урдугоҳи артиши Сурия дар шаҳри Дайр-эз-Заур ҳамла кардаанд, ки бар асари он 3 низомӣ кушта ва 13 нафари дигар захмӣ шудаанд.

Рӯзи гузашта мақомоти Сурия ба СММ номае ирсол карда ва дар он эътилофи ба раҳбарии Амрикоро дар ҳамла ба урдугоҳи низомии Сурия дар шаби якшанбе гунаҳкор карданд.

ИМА ин иттиҳомро рад карда ва гуфтааст, ки ҳавопаймоҳои эътилоф ба манобеъи нафти ДИИШ, ки дар 55 километрии урудгоҳи артиши Сурия воқеъ аст, ҳамла кардаанд.

XS
SM
MD
LG