Пайвандҳои дастрасӣ

Зарина Юнусова талаб дорад, ки қарори ихроҷаш аз Русия бекор шавад


Зарина Юнусова, модари Умаралӣ Назаров, ки ҳоло дар Тоҷикистон қарор дорад, аз болои қарори додгоҳи Санкт-Петербург дар марвиди ихроҷаш аз ҳудуди Русия шикоят кардааст.

Зарина Юнусова, модари Умаралӣ Назаров, аз болои қарори додгоҳи Санкт-Петербург дар мавриди ихроҷаш аз ҳудуди Русия ба мақомоти он кишвар шикоят кардааст. Вакилони мудофеи Юнусова мегӯянд, ки танҳо бекор кардани ин қарор метавонад барои иштироки фаъоли ин шаҳрванди Тоҷикистон дар бозрасии қазияи марги писари панҷмоҳааш кумак кунад.

Ба қавли вакилони мудофеъ, ба ҳангоми ташхис дар хуни Зарина Юнусова вируси тситамегал ёфт нашудааст. Вирусе, ки муфаттишони Русия иллати асосии марги кӯдаки 5-моҳаи тоҷик Умаралӣ Назаров дониста ва гуфта буданд, ки ин вирус метавонад ҳангоми дар батни модар будан низ дар вуҷуди кӯдак бошад.

Юрий Серов ва Олга Тсейтлена, вакилони мудофеи Зарина Юнусова дархост кардаанд, ки тасмими додгоҳи шаҳри Санкт-Петербург аз 12 ноябри соли ҷорӣ дар бораи ихроҷи Зарина Юнусова аз Русия ба иттиҳоми вайрон кардани қонуни муҳоҷирати ин кишвар тағйир ё бекор шавад. Зеро ба эътиқоди онҳо, додгоҳҳои ноҳиявӣ ва шаҳрӣ “ба вазъияти воқеӣ баҳои ҳуқуқӣ надода ва аз муқаррароти ҳуқуқи байнулмилалӣ сарфи назар кардаанд”. Аз ин лиҳоз, танҳо бекор кардани тасмими ихроҷи Зарина Юнусова аз Русия шароитро барои иштироки фаъоли ӯ дар раванди бозрасии қазия фароҳам хоҳад кард.

Тибқи муқаррароти Русия шикояти вакилони мудофеъ бояд дар муддати 3 моҳ аз ҷониби Михаил Павлюченко, муовини раиси додгоҳи Санкт-Петербург баррасӣ шуда, дар сурати ҳалли мусббаташ ва ба ҷо овардани талаботи муқаррароти муҳоҷират Зарина Юнусова метавонад танҳо пас аз 6 моҳ вориди Русия шавад. Дар ҳолати радди шикоят Юнусова дар муддати 5 соли оянда аз ҳаққи вуруд ба Русия маҳрум хоҳад шуд.

Додгоҳи Октябри Санкт-Петербург рӯзи 13 октябри соли ҷорӣ Зарина Юнусоваро барои нақзи қоидаҳои будубош дар Русия муттаҳам карда, қарори ихроҷ ё "депорт"-аш аз ин кишварро содир намуда ва баъдан буд. Инчунин, Юнусова бар асоси ин қарор ба пардохти 5 ҳазор рубл ҷарима муваззаф шудааст. Додгоҳи шаҳри Санкт-Петербург рӯзи 12 ноябр шикояти Зарина Юнусова, модари Умаралӣ Назаров – тифли панҷмоҳаи тоҷикро аз болои қарори додгоҳи ноҳияи Откябр баррасӣ карда, аммо онро бе тағйир боқӣ гузошт.

Худи Зарина Юнусова рӯзи 16 ноябр, вақте бо хабарнигорон дар фурудгоҳи Душанбе сӯҳбат мекард, низ чунин изҳори ақида кард: "Онҳо хостанд, ки ҳарчӣ зудтар ба Тоҷикистон биёям ва барои таҳқиқи қазияи марги писарам пофишорӣ накунам."

Зарина Юнусова шаби 13 ба 14 октябри соли ҷорӣ дар шаҳри Санкт-Петербург аз сӯи маъмурони пулис ва Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия барои нақзи қоидаҳои будубош боздошт шуд. Ҳамон шаб кӯдаки панҷмоҳааш Умаралиро аз ӯ ҷудо карданд ва ин тифл рӯзе баъд дар бемористони ба номи Тсимбалина даргузашт.

Дар мавриди марги Умаралӣ парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Дар хулосаи тиббию додгоҳӣ гуфта шудааст, ки вируси тситомегалӣ, ки ба узвҳои муҳим, ба мисли узвҳои нафаскашӣ, ҷигар, меъда, талхадон, рӯдаю мағзи сар осеб мерасонад, боис ба марги нобаҳангоми ин кӯдак шудааст. Вале табибони мустақил ин хулосаро зери шубҳа мегузоранд, зеро ин гуна таҳаввулот дар бадани кӯдак на якбора, балки бояд дар як муддати тӯлонӣ ба мушоҳида мерасид. Аммо Умаралӣ пеш аз ба зӯр аз модар ҷудо кардан солим буда ва дар муддати ҳамагӣ 12 соати ҷудоӣ аз модар дучори марг шудааст.

Марги Умаралӣ Назаров мавҷи то кунун бесобиқаи эътирозу маҳкумиятҳо дар Русияву Тоҷикистон ва берун аз он ба бор овард. Бо талаби таҳқиқи одилонаи ин қазия ва ба муҷозот кашондани гунаҳкорон мақомоти баландпояи ҳарду кишвар, бо шумули раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҳарду маҷлиси парлумони ин кишвар Шукурҷон Зуҳуров ва Муҳаммадсаид Убайдуллоев, сарвазири Русия Дмитрий Медведев, вакили Шӯрои Федератсия Елена Мизулина, як гурӯҳи вакилони маҷлиси шаҳри Санкт-Петербург ва даҳҳо тан аз намояндагони шинохтаи ҷомеаи шаҳрвандии ҳарду кишвар изҳори назар кардаанд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG