Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Садҳо нафар дар Ереван ба эътироз баромаданд


Садҳо нафар эътирозгарон 7 декабр дар майдони марказии Ереван-пойтахти Арманистон бар зидди натиҷаҳои райпурсӣ ба эътироз баромаданд.

Ин дар ҳолест, ки Кумиссиюни марказии интихоботии Арманистон мегӯяд, натиҷаҳои ибтидоӣ нишон медиҳад, ки райдиҳандагон тағирот дар Қонуни Асосии кишварро пазируфтаанд. Бар асоси ин тағирот Арманистон аз низоми раёсати ҷумҳурӣ ба низоми порламонӣ мегузарад.

Ба гуфтаи мақомоти расмии интихоботӣ, дар ҳоле ки 96 дарсади оро шумурда шудааст, 63,5 дарсад ба ҷонибдорӣ аз тағироте, ки Серж Саркисян-раиси ҷумҳур пешниҳод карда буд, рай додаанд. Райпурсӣ 6 декабр баргузор шуд. Дар он 50,51 дарсади аҳолии қобили рай ширкат ҷустаанд.

Мухолифон мегӯянд, ин тағирот ба хотири он ворид мешавад, ки Саркисян баъд аз хатми мӯҳлати раёсати ҷумҳуриаш дар соли 2018 боз ҳам дар сари қудрат бимонад.

Левон Зурабиян-намояндаи мухолифон 7 декабр гуфт, ки ҷониби ҳукумат ба нафъи худ баргаҳои райро ба сандуқи рай рехтааст ва райҳоро харидааст. Вай ҳамчунин мегӯяд, ки ширкати беш аз нисфи аҳолии қобили рай дар райпурсӣ воқеият надорад.

Гурӯҳҳои дигари мухолифони Арманистон мегӯянд, ки муқаррароти райдиҳӣ риоят нашудааст ва камтар аз нисфи аҳолии қобили рай дар интихобот ширкат ҷустаанд.

XS
SM
MD
LG