Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳамоиши диншиносон дар пойтахти Қирғизистон


Дар Бишкек рӯзҳои 7-8 декабр конфронси минтақавии “Тундгароии мазҳабӣ дар Осиёи Марказӣ: ривоят ва воқеият” баргузор мешавад.

Дар ин конфронс, ки бо пуштибонии Институти инъикоси ҷанг ва сулҳ (IWPR) барпо мешавад, роҳбарони ниҳодҳои марбутаи давлатӣ ва коршиносони соҳа аз Тоҷикистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон ва Қирғизистон ширкат мекунанд. Коршиносон дар бораи тундгароӣ ва ифротгароӣ дар кишварҳои худ маълумоти муфассал медиҳанд.

Қолаби ҷаласа имкон медиҳад, ки вазъият аз чанд зовия баррасӣ гардад ва нуқтаи назари ҳам давлатҳо ва ҳам коршиносон шунида шавад. Аз ин рӯ аз ҳар кишвар маърӯзаи коршиносон пешниҳод мешавад ва мансабдорон ба суолҳо посух мегӯянд.

XS
SM
MD
LG