Пайвандҳои дастрасӣ

Обама: "Давлати исломӣ" аз байн бурда мешавад


Барак Обама

Барак Обама

Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико гуфт, ки тирандозиҳои ахир дар Калифорния, ки 13 нафарро кушта бар ҷой гузошт, “ҳамлаи террористӣ” мебошад.

Вай зимни суханони худ аз тариқи телевизион аз Кохи Сафед гуфт, ки таҳдиди терроризм солҳои ахир ба “марҳилаи нав” расидааст. Вай дар давоми 7 соли раёсати ҷумҳуриаш бои севвум аз Кохи Сафед тавассути телевизион паём мефиристад. Вай қавл дод, ки тундравҳои Давлати Исломӣ нобуд карда мешаванд.

Обама аз мусулмонони саросари ҷаҳон хост, ки тундгароӣ ва ақидаҳои Давлати Исломиро рад кунанд ва ба сафи муборизони зидди терроризм бипайванданд.

Вай таъкид кард, ки байни Ғарб ва ислом зиддияте вуҷуд надорад. Обама гуфт, стратегияи кунунии ҳамлаҳои ҳавоии Ғарб бар зидди Давлати Исломӣ дар Ироқу Сурия тадриҷан ба пирузӣ мебарад. Вай ҳушдор дод, ки Амрико бояд аз кашонда шудан ба “ҷанги тӯлонӣ ва гаронарзиши заминӣ” дар ин ду кишвар худдорӣ кунад.

XS
SM
MD
LG