Пайвандҳои дастрасӣ

"Ба мо дастур шудааст, ки камаш 100 нафари шубҳанокро боздошт кунем"


Як маъмури пулиси Узбакистон мегӯяд, ки онҳо муваззаф шудаанд, ҳадди ақалл сад нафари "шубҳанок"-ро боздошт карда, санади бозпурсиҳоро ба бахши мубориза бо терроризм фиристанд.

Вақтҳои охир дар Узбакистон ҳолатҳои боздошт ва зиндонӣ кардани сокинон аз сӯи маъмурони нерӯҳои интизомӣ афзудааст. Як маъмури пулиси Заингиота дар вилояти Тошканди Узбакистон бидуни зикри номаш дар суҳбат бо бахши узбакии Озодӣ гуфт, ки ҳар як шуъбаи корҳои дохилӣ дар он кишвар муваззаф шудаанд, ҳадди ақалл сад нафари “шубҳанок”-ро боздошт кунанд.

“Ба мо чунин дастур шудааст. Агар шаҳрвандон бо худ ҳуҷҷат, аз ҷумла шиноснома ва қайди ҷойи зист ҳам дошта бошанд, вале ба назар шубҳанок намоянд, онҳоро ба шуъба мебарем. Агар ягон далел барои боздошташон бошад, раҳо намекунем. Санади ин бозпурсиҳо баъдан ба шуъбаи мубориза бо терроризм супурда мешавад,” – афзуд ин маъмури пулиси Зангиота дар вилояти Тошканд.

Як манбаи дигар дар суҳбат бо бахши узбакӣ гуфтааст, манзур аз одамони “шубҳанок” афроди муттаҳам ба терроризм ва ифротгароӣ буда, асосан ин боздоштҳо рӯзҳои ҷумъа сурат мегиранд. “Агар шаҳрванд ба назари онҳо шубҳанок намояд, барои мисол, либоси мазҳабӣ дошта бошад ё риш, дарҳол ӯро боздошт карда ба шуъба мефиристанд,” – изофа кардааст ӯ.

Ба иттилои Гурӯҳи ташаббускори ҳомиёни мустақили ҳуқуқи инсон дар Узбакистон тайи як моҳи охир дар он кишвар бо иттиҳоми ҳамкорӣ бо гурӯҳи тундгарои “Давлати исломӣ” ва созмонҳои дигари ифротгаро беш аз 500 нафар боздошт шудаанд. Сурат Икромов, раҳбари ин гурӯҳ гуфт, ки “ба иттилои мо, танҳо дар як моҳ дар шаҳру вилояти Тошканд ба иттиҳоми ифротгароӣ беш аз 300 нафарро боздошт кардаанд.”

Мақомоти пулис ҷойи нигаҳдории афроди боздоштшударо то ҳол эълон накардаанд. Дар ҳамин ҳол, ронандагони нақлиёти ҷамъиятӣ низ вазифадор шудаанд, ки дар сурати мушоҳида кардани таҷҳизоти “шубҳаовар” ё одамони машкук дарҳол мусофиронро ба берун бароварда, ба мақомот хабар диҳанд. Мақомоти Узбакистон мегӯянд, ки ин тасмим ба хотири таъмини амнияти сокинон ва ҷилавгирӣ аз аъмоли террористӣ гирифта шудааст.

Тошканд, ки аз охири моҳи октябр боз дар ҳолати казармавӣ қарор дорад, баъди ҳодисаҳои террористии Порис чораҳои амниятияшро дучанд кардааст. Аммо на ҳукумат ва на расонаҳои маҳаллии Узбакистон сабабҳои чунин омодагӣ ва махсусан боздоштҳои пайдарҳами сокинонро намегӯянд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG