Пайвандҳои дастрасӣ

Хадамоти федеролии гумруки Русия ваъда дод, ки дар рӯзҳои наздик мошинҳои қазоқистонииеро, ки аз Туркия бор меоранд ва дар сарҳади берунии Иттиҳоди иқтисодии АвруОсиё (ЕАЭС) боздошт шудаанд, раҳо хоҳад кард.

Дар ин бора сардори кумитаи даромади давлатии вазорати молияи Қазоқистон Даулет Ергожин дар саҳифаи худ дар Фейсбук иттилоъ додааст.

Даҳҳо мошини боркаш, ки мебоист аз Туркия ба воситаи Русия вориди Қазоқистон шаванд, аз 25 ноябр ба ин сӯ дар гузаргоҳҳои марзии Верхний Ларс (сарҳади байни Гурҷистону Русия), Троеборт ва Крупетс (сарҳади байни Русияву Украина) дармондаанд. Тибқи бархе аз иттилоъ, қисмате аз мошинҳо самти ҳаракати худро тағйир дода, бидуни Русия ба Қазоқистон ворид шудаанд.

28 ноябр президенти Русия Владимир Путин ба таҳрими маҳсулоти Туркия дастур дод. Баъди сарнагун кардани ҳавопаймои бомбаандози Су-24 аз сӯи ҳавопаймои ҷангандаи Туркия, ки 24 ноябр иттифоқ афтод, Русия воридоти мол аз Туркияро бас кард.

XS
SM
MD
LG