Пайвандҳои дастрасӣ

Расидагӣ ба парвандаи Немтсов тақрибан анҷом ёфт


Кумитаи тафтишотии Русия қисмати асосии тафтишоти парвандаи куштори мухолифи рус Борис Немтсовро ба анҷом расонид.

Интизор меравад то охири сол ба ҳамаи гумонбарони қатли Немтсов айбҳои ниҳоӣ эълон шавад. Феълан, бар асоси маводҳои Кумитаи тафтишотӣ, Руслан Муҳиддинов ҳамчун «сармоягузори» қатли Немтсов шинохта шудааст.

18 ноябр додгоҳи Басмани шаҳри Москва ҳукми ҳабси Муҳиддиновро ғоибона эълон кард. Муҳиддин дар куштор ва нигаҳдории ғайриқонунии силоҳ айбдор дониста мешавад. Пайгарди қонунии ӯ эълон шудааст.

Сиёсатмадори мухолифи рус Борис Немтсов шаби 28 феврал дар болои пули «Большой Москворетский» дар наздикии Кремл кушта шуд.

XS
SM
MD
LG