Пайвандҳои дастрасӣ

​“Хуҷанд”-и Хуҷанд дар бозии плей-офф барои роҳ ёфтан ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2016 бо «Аҳлӣ-Ал Халилӣ»-и Фаластин рақобат мекунад.

Дастаи “Хуҷанд”-и шаҳри Хуҷанд, барандаи ҷоизаи нуқраи қаҳрамонии Тоҷикистон, дар бозии плей-офф барои роҳ ёфтан ба марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2016 бо бошгоҳи «Аҳлӣ-Ал Халилӣ»-и Фаластин рақобат хоҳад кард.

Ин бозӣ 9 феврали соли 2016 дар Фаластин баргузор мешавад. Дар мавриди роҳ ёфтан ба марҳилаи гурӯҳӣ «Хуҷанд» ба гурӯҳи «D» дохил мегардад.

Дар бозиҳои дигари плей-офф «Ал-Ҳидд»-и Баҳрайн дар майдони худ бо «К-Электрик»-и Покистон, «Триполӣ»-и Лубнон бо «Олой»-и Қирғизистон ва «Ал-Ваҳда»-и Сурия бо дастаи дувуми Туркманистон вориди рақобат мешаванд.

Бояд гуфт, ки «Истиқлол»-и Душанбе, қаҳрамони чаҳоркаратаи Тоҷикистон, ки имсол то ба финали Ҷоми AFC расид, дар мавсими нав дар ин мусобиқаи пурнуфузи минтақавӣ аз сабқати гурӯҳӣ шурӯъ мекунад.

Ба ҷуз «Истиқлол» ба мубориза аз марҳилаи гурӯҳӣ дар минтақаи “Ғарб”, ки чаҳор гурӯҳ ташкил мешавад, дастаҳои «Нафит Ал-Васат» ва «Эйр Форс» (ҳарду аз Ироқ), «Ал-Ваҳдат» (ё «Ал-Ҷазира» дар мавриди ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонони AFC роҳ ёфтани «Ал-Ваҳдат») ва «Ал-Файзалӣ» (ҳарду аз Урдун), «Ал-Оруба» ва «Фанҷа» (ҳарду аз Умон), «Ал-Муҳаррак»-и Баҳрайн, «Ал-Аҳд»-и Лубнон, «Ал-Ҷайш»-и Сурия, «Ал-Дҳариа»-и Фаластин ва «Олтин Аср»-и Туркманистон шурӯъ мекунанд. Ба онҳо чаҳор ғолиби чаҳор бозии плей-офф ҳамроҳ мешаванд.

Дар минтақаи «Шарқ» бозиҳои плей-офф гузаронида намешаванд. 16 дастаи ин минтақа аз рӯи натоиҷи қуръакашӣ гурӯҳҳои «E», «F», «G» и «H»-ро ташкил медиҳанд. Инҳо «Китчӣ» ва «Саут Чайна» (ҳарду аз Ҳонконг), «Янгон Юнайтед» (ё «Яданарбон» дар мавриди роҳ ёфтани«Янгон Юнайтед» ба марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонони AFC)ва «Айеявадӣ» (ҳарду аз Мянмар), «Ҷоҳор Дарул Таъзим» (Малайзия), «Моҳун Баган» ва «Бенгалуру» (ҳарду аз Ҳиндустон), «Тампинес Роверс» (ё «Уорриорс») ва «Балесте Халса» (ҳарду аз Сингапур), «Ню Радиант» ва «Мазия» (ҳарду аз Молдив), «Серес» ва «Кайя» (ҳарду азФилиппин), «Лао Тойота» (Лаос) ва «Шайх Ҷамол Дҳанмондӣ» (Бангладеш) мебошанд. Боз як дастаи ширкаткунандаи марҳилаи гурӯҳӣ дар ин минтақа бошгоҳи дувуми Малайзия мегардад.

Қуръакашии марҳилаи гурӯҳии Ҷоми AFC-2016 рӯзи панҷшанбеи 10 декабр дар пойтахти Малайзия - Куала-Лумпур – баргузор мешавад.

Бозиҳои марҳилаи гурӯҳӣ соли оянда дар чунин муҳлатҳо доир мешаванд: 23-24 феврал (даври 1-ум), 8-9 март (даври 2-юм), 15-16 март (даври 3-юм), 12-13 апрел (даври 4-ум), 26-27 апрел (даври 5-ум) ва 10-11 май (даври 6-ум).

Бозиҳои ҳаштякниҳоӣ 24-25 май, чаҳорякниҳоӣ – 13-14 сентябр (бозиҳои аввал) ва 20-21 сентябр (бозиҳои ҷавобӣ), ниманиҳоӣ – 27-28 сентябр (бозиҳои аввал) ва 18-19 октябр (бозиҳои ҷавобӣ), бозии ниҳоӣбошад, 5 ноябр баргузор мешаванд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG