Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хол дорӣ, ҳол дорӣ". Муҳоҷиронро имтиҳони нав дар пеш аст?


Муҳоҷиронеро, ки дар дил орзуи дарёфти шаҳрвандии Русияро мепарваранд, як мушкили нав дар интизор аст. Онҳо барои дарёфти ҳаққи иқомат ва баъдан шаҳрвандӣ бояд холи зарурӣ дошта бошанд.

Ин пешниҳоди Валентина Матвиенко, раиси шӯрои Федератсияи Русия аст, ки ахиран дар як ҳамоиш дар Маскав садо дод. Мансабдори воломақоми рус изҳори умед кард, ки ба қонун дар бораи шаҳрвандии Русия ду банд илова мешавад - доштани холҳои зарурӣ аз сӯи довталаб ва савганди садоқат ба Русия.

"Онҳое, ки шаҳрвандии Русияро мегиранд, бояд ба кишвар ва таъриху арзишҳои фарҳангии он арҷ гузоранд ва садоқати худро тавре, ки дар Амрико ва кишварҳои аврупоӣ роиҷ аст, бо ёд кардани қасам иброз намояд," -- гуфтааст Матвиенко.

Валентина Матвиенко
Валентина Матвиенко

Хадамоти федеролии муҳоҷирати Русия ҳам аз роҳандозии низоми балл ё хол барои гирифтани иҷозаи иқомат ва шаҳрвандӣ дар Русия пуштибонӣ кардааст. Масъулони ин ниҳод пешниҳод доранд, ки ба довталаб барои маълумоти олӣ 30 хол, барои таҷрибаи 5-солаи корӣ аз рӯйи ихтисос 15 хол, барои хешу табор ва манзил доштан ҳам холҳои муайян дода шаванд. Барои дарёфти ҳаққи иқомат ё шаҳрвандӣ сокини дигар кишвар бояд соҳиби ҳадди ақалл 65 хол шавад.

Пешниҳоди ворид кардани ислоҳот ба қонуни шаҳрвандии Русия дар ҳолест, ки аксар муҳоҷирони тоҷик дарёфти шиносномаи русиро беҳтарин роҳи дастёбӣ ба кору зиндагии арзанда дар Русия мехонанд.

Каримҷон Ёров
Каримҷон Ёров

Каримҷон Ёров, раҳбари созмони “Этнос” дар Маскав бар ин бовар аст, ки баъд аз вуруди ин тағйирот барои шаҳрвандони зиёде аз Тоҷикистон гирифтани ҳаққи иқомат ва шаҳрвандӣ мушкилтар мешавад, зеро бештари муҳоҷирони корӣ на маълумоти олӣ доранд, на ихтисос ва на хешу табору манзил. Аз сӯи дигар, ба гуфтаи мусоҳиби мо, як моҳи ахир ба созмони "Этмос" ҳадди ақалл 10 нафар муроҷиат кардаанд, ки барои иштибоҳҳои хурду реза аз ҳаққи шаҳрвандӣ ё иқомат маҳрум шудаанд.

"Бо ҳар роҳ гуноҳи шаҳрванд ёфтаву ҳаққи иқомат бекор карда мешавад," -- мегӯяд ӯ.

Як сол пеш Шӯрои федератсия, палатаи болоии парлумони Русия, санадеро тасвиб кард, ки тибқи он бояд тартиби шаҳрвандӣ осон ва замони баррасии асноди довталаби шаҳрвандии Русия камтар карда мешуд. Аммо Умед, як муҳоҷири тоҷик, ки чанд сол аст талоши гирифтани шаҳрвандиро дорад, мегӯяд, солҳои пеш ин кор осонтар буд. "Акнун фақат барои ҳаққи иқомат зарур аст дар бонк на камтар аз 200 ҳазор рубли русӣ ба номат дошта бошӣ ва на камтар аз 5 сол дар як ҷо дар қайд бошӣ," -- меафзояд ӯ.

Илова ба ин, ному насабат набояд тоҷикӣ бошад ва дар суратҳисоби ҳамсарат ҳам, ки бояд шаҳрванди Русия бошад, ба камияш 200 ҳазор рубл гузошта шуда бошад.

Абдулло Давлатов
Абдулло Давлатов

Бо вуҷуди мушкилот ва вазъи феълии Русия, ба гуфтаи Абдулло Давлатов, раиси Иттиҳодияи тоҷикистониёни Русия, муҳоҷирони зиёди тоҷик бо ҳар роҳу восита талоши ба даст овардани иҷозаи иқомат ва шаҳрвандии ин кишварро мекунанд. Вуруди тағйироти нав ба қонуни шаҳрвандӣ ҳам наметавонад пеши роҳи ин равандро бигирад, мутмаин аст ӯ. Ҳарчанд он кори муҳоҷиронро мушкилтар ва боз як роҳро барои фасоду ришват боз мекунад.

Абдулло Давлатов меафзояд, вақте қонун оиди забону таърихи Русия қабул шуд, ман мегуфтам, ки ин як роҳе барои афзоиши фасод аст, зеро забони Толстою Пушкинро як муҳоҷири оддӣ, ки забону таърихи худро хуб намедонад, наметавонад дар ду ҳафта омӯзад. Аммо бубинед, бисёриҳо соҳиби сертификат шуданд. Ҷорӣ кардани балл ё хол ҳам як роҳи нави пулкоркунӣ дар замони бӯҳрон аст, мегӯяд ӯ.

XS
SM
MD
LG