Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анкара хостори лағви таҳримҳои Русия шуд


Мавлуд Човушоғлу
Мавлуд Човушоғлу

Анкара аз Маскав талаб дорад, ки таҳримҳои иқтисодӣ алайҳи Туркияро ҳарчӣ зудтар лағв кунад, зеро ин маҳдудиятҳо ба иқтисоди ҳарду кишвар зарба мезананд. Мавлуд Човушоғлу, вазири умури хориҷии Туркия рӯзи 6 декабр дар сӯҳбат бо хабаргузории русии ТАСС таъкид кард, ки иқтисод ва тиҷорат дар робитаҳои миёни ду кишвар мавқеи хоса доранд. Барои як ҳодисаи ғамангез латма задан ба робитаҳое, ки дар натиҷаи талошҳои бисёрсола қавӣ шуданд, колри дуруст нест, гуфтааст Човуш оғлу. Ба гуфтаи вазири турк, солҳои пеш ҳарду кишвар хуб дарк мекарданд, ки робитаҳои тиҷортиву иқтисодӣ набояд зери таъсири ихтилофи сиёсӣ қарор бигиранд.

Таниш миёни Туркияву Русия баъди рӯзи 24 ноябр аз сӯи ҳавопаймои туркӣ сарнагун шудани ҳавопаймои русии СУ-24 шурӯъ шуд. Анкара мегӯяд, ки ҳавопаймо ҳарими ҳавоии кишварро вайрон кард ва ҳушдорҳоро сарфи назар намуд аз ин рӯ ҳадафи зарбаи мушакӣ қарор гирифт.

Аммо Русия мутмаин аст, ки ҳавопаймои СУ-24 дар фазои Сурия буд ва вориди ҳарими ҳавоии Туркия нашуда буд ва аз ин рӯ Туркия бояд узрхоҳӣ кунад. Раҷаб Тайиб Эрдуғон қаблан изҳор намуд, ки аз вазъи ба вуқӯъпайваста нороҳату андӯҳгин аст ва аммо узрхоҳӣ карданӣ нест, зеро низомиёни турк бар пояи муқаррароти байнулмилалӣ амал намуданд.

Бино ба феҳристе, ки дар сомонаи расмии ҳукумати Русия бо имзои сарвазир Дмитрий Медведев нашр шудааст, Русия аз 1 январ воридоти маҳсулот аз гӯшти мурғ ва мурғи марҷон, гулҳои мехчагул, помидору томат, пиёз, карам, брокколи, бодирингу корнишон, афлесун, мандарин ва анвоъи дигари меваҳои ситрусӣ, ангур, себ, нок, шафтолу, зардолу, олу, земляникаву клубника ва намакро аз Туркия манъ мекунад.

Раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон рӯзи шанбе дар мулоқот бо соҳибкорону тоҷирони кишвар гуфт, низоъ дар робита ба сарнагун кардани ҳавопаймои низомии СУ-24 ба тарҳҳои муштараки энерҷии Туркияву Русия, аз ҷумла, воридоти газ ба Туркия ва бунёди нерӯгоҳи ҳастаӣ аз сӯи мутахассисони рус таъсире нахоҳад дошт.

XS
SM
MD
LG