Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Обама дар бораи терроризм паём ироа мекунад


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама шоми якшанбе, 6 ноябр, дар робита ба мубориза бо терроризм паёми махсус ироа мекунад. Дар хабари Кохи Сафед дар ин бора гуфта шудааст, ки Обама на фақат дар бораи ҷараёни тафтишоти тирандозии хунин дар шаҳри Сан-Бернардинои аёлати Калифорния сӯҳбат мекунад, балки назараш дар бораи таҳдиди терроризм ва чӣ гуна пайдо шудану чӣ гуна ба он муқвоимат карданро баён медорад.

Як рӯз пеш сарвари Амрико ваъда дод, ки муфаттишони федеролӣ сабабу ангезаҳои ҳамла ба маркази кӯмаки иҷтимоӣ дар шаҳри Сан-Бернардиноро муқаррар мекунанд. Барак Обама дар паёми ҳафтаинаи худ рӯзи 5 декабр гуфт, мо тавоноем ва касе моро террор карда наметавонад.

Ҳамла ба маркази кӯмаки иҷтимоӣ дар шаҳри Сан-Бернардино, ки рӯзи чаҳоршанбе, 2 декабр сурат гирифт ва дар он 14 нафар кушта ва 21 каси дигар маҷрӯҳ шуданд, пешакӣ ва ҳаматарафа тарҳрезӣ шуда буд, гуфт ёвари раиси Бюрои федеролии тафтишот дар Лос-Анҷелес Дэвид Баудич Дар тирандозӣ дар Сан-Бернардино Ташфин Малик ва шавҳараш Сайёд Форуқ айбдор мешванд, ки рӯзи 3 декабр дар як даргирӣ бо пулис кушта шуданд. Ташфин Малик шаҳрванди Покистон ва шавҳараш Форуқ – шаҳрванди Амрико буданд.

Раиси Бюрои федеролии тафтишоти ИМА (FBI) Ҷеймс Комӣ рӯзи 5 декабр гуфт, ҳарчанд далелҳои робитаи ҳамлагарон ба ягон гурӯҳи тундрав ошкор нашудааст, тафтишот тирандозӣ дар Сан-Бернардиноро чун ҳамлаи террористӣ арзёбӣ мекунад, зеро зану шавҳар таҳти таъсири ақидаҳои радикалӣ қарор доштанд.

Гурӯҳи “Давлати исломӣ” рӯзи 5 декабр иқрор кард, ки тирандозӣ дар Сан-Бернардино аз сӯи ҷонибдоорони ин гурӯҳ сурат гирифтааст.

XS
SM
MD
LG