Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Барак Обама: "Касе моро шикаста наметавонад"


Кохи Сафед гуфт, ки раисиҷумҳур Барак Обама рӯзи якшанбе, 6 декабр дар робита ба мубориза бо терроризм паёми махсус ироа мекунад.

Дар хабари Кохи Сафед дар ин бора гуфта шудааст, ки Барак Обама на фақат дар бораи ҷараёни тафтишоти тирандозии хунин дар шаҳри Сан-Бернардинои аёлати Калифорния сӯҳбат мекунад, балки назараш дар бораи таҳдиди терроризм ва чӣ гуна пайдо шудану чӣ гуна ба он муқвоимат карданро баён медорад.

Як рӯз пеш сарвари Амрико ваъда дод, ки муфаттишони федеролӣ сабабу ангезаҳои ҳамла ба маркази кӯмаки иҷтимоӣ дар шаҳри Сан-Бернардиноро муқаррар мекунанд. Барак Обама дар паёми ҳафтаинаи худ рӯзи 5 декабр гуфт, мо тавоноем ва касе моро шикста ва террор карда наметавонад.

Ҳамла ба маркази кӯмаки иҷтимоӣ дар шаҳри Сан-Бернардино, ки рӯзи чаҳоршанбе, 2 декабр сурат гирифт ва дар он 14 нафар кушта ва 21 каси дигар маҷрӯҳ шуданд, пешакӣ ва ҳаматарафа тарҳрезӣ шуда буд, гуфт ёвари раиси Бюрои федеролии тафтишот дар Лос-Анҷелес Дэвид Баудич. Дар ҳамла Ташфин Малик ва шавҳараш Сайёд Форуқ айбдор мешванд, ки рӯзи 3 декабр дар як даргирӣ бо пулис кушта шуданд. Ташфин Малик шаҳрванди Покистон ва шавҳараш Форуқ – шаҳрванди Амрико буданд.

Раиси Бюрои федеролии тафтишоти ИМА (FBI) Ҷеймс Комӣ рӯзи 5 декабр гуфт, ҳарчанд далелҳои робитаи ҳамлагарон ба ягон гурӯҳи тундрав ошкор нашудааст, тафтишот тирандозӣ дар Сан-Бернардиноро чун ҳамлаи террористӣ арзёбӣ мекунад, зеро зану шавҳар таҳти таъсири ақидаҳои радикалӣ қарор доштанд. Аз ин пеш Дэвид Баудич ба хабарнигорон гуфт, яке аз ҳамлагарон – Ташфин Малик ба гурӯҳи “Давлати исломӣ” савганди вафодорӣ ёд карда буд. Дар ин бора ин хонум дар саҳифааш дар шабакаи иҷтимоии Facebook хабар дода буд. FBI ҳамчунин дар бораи тамоси телефонии Ташфин Малик бо шавҳараш Сайёд Форуқ қабл аз тирандозӣ иттилоъ дарёфт кард.

Ҳадс зада мешавад, ки зану шавҳар боз ба як ҳамлаи террористии дигар омодагӣ мегирифтанд. Ҳангоми кофтукоб аз манзили онҳо беш аз 3 ҳазор тир ва 12 бомби худсохт мусодира карда шуд. Сайёд Форуқ аз ин пеш ягон бор мавриди шубҳаи хадамоти амниятии ИМА қарор нагирифта буд.

Кормандони полис дар канори бинои Маркази куӯмаки иҷтимоии Сан-Бернардино

Кормандони полис дар канори бинои Маркази куӯмаки иҷтимоии Сан-Бернардино

Ба навиштаи хабаргузориҳо, дар чаҳорчӯби тафтиши ҳамла дар Сан-Бернардино шаби гузашта кормандони амниятии федеролӣ як манзили воқеъ дар ҳамсоягии хонаи Сайёд Форуқро кофтукоб карданд. Сухангӯи FBI Лора Аймиллер хабари кофтукоби ин манзилро тасдиқ кард ва аммо аз ироаи ҷузъиёти бештар худдорӣ намуд. Ҳамсояҳо ба хабарнигори Рейтер гуфтанд, ки соҳби ин манзил ва Сайёд Форуқ робитаи дӯстона доштанд.

Масъулияти ҳамларо гурӯҳи “Давлати исломӣ” бар дӯш гирифт. Дар ин бора хабаргузории Reuters рӯзи 5 декабр бо такя ба изҳороти радиоии ин гурӯҳ аз тариқи интернет иттилоъ дод. Аммо баъзе аз масъулони мақомоти кашфи Амрико ҳадс мезананд, ки шояд Ташфин Малик ва Сайёд Форуқ мустақилона радикалӣ шуда ва мустақилона даст ба ин куштор задаанд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG