Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

790 ҳазор доллар барои нусхаи нодири White Album


Дар як музояда дар ИМА як нусхаи нодири “Албоми сафед” (White Album)-и гурӯҳи бритониёвии The Beatles рӯзи шанбе бо қимати 790 ҳазор доллар фурӯхта шуд. Ин нусхаи нодир қаблан ба нағоранавози гурӯҳи маъруф Ринго Старр тааллуқ дошт.

Музояда аз сӯи Хонаи ауксиони Julien’s Auctions дар шаҳри Беверли-Ҳиллз (аёлати Калифорния) баргузор шуд. Номи харидори нусхаи нодир ошкор нашудааст.

Ин нахустин нусхаи “Албоми сафед” буд, ки соли 1968 дар Бритониё нашр шуда буд. Намояндаи Julien’s Auctions гуфт, ки ба ин васила рекорди нави фурӯши албомҳо сабт гардид – аз ин пеш дар ҳамин сол нахустин сабти “шоҳи рок-н-ролл” Эдвис Преслӣ бо маблағи 300 ҳазор доллар фурӯхта шуда буд.

Рӯзи 4 декабр соҳиби тими футболи амрикоии Indianapolis Colts Ҷим Ирсей нағораи Ринго Старрро бо маблағи 2,2 миллион доллар харида буд.

Дар музояда дар Беверлӣ-Ҳиллз, ки ду рӯз идома дошт, беш аз 800 молу амволи Ринго Старр ва хонуми ӯ актрисаи маъруф Барбара Бах барои фурӯш гузошта шуда буд.

XS
SM
MD
LG