Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Арманиҳо барои ислоҳоти Сарқонун раъй медиҳанд


Дар Арманистон раъйпурсӣ оид ба истилоҳи Қонуни асосӣ мегузарад, ки ба низоми парлумонӣ гузаштани кишварро дар назар дорад.Раъйпурсӣ бо ибтикори ҳизби ҳукмрони ҷумҳурихоҳон мегузарад.

Раиси ҳизби мухолифин “Мерос” Раффӣ Ованнисиён рӯзи 6 декабр баъд аз овоздиҳӣ изҳор намуд, ки зидди ин тарҳ раъй додааст. Ба гуфтаи ӯ, дар ҷараёни раъйдиҳӣ камбудиҳои зиёд ошкор шуданд. Раффӣ Ованнисиён аз ҷонибдоронаш талаб кард, ки баъд аз раъйпурсӣ дар майдони Озодӣ дар маркази Ереван ҷамъ оянд.

Мухолифини раъйпурсӣ аз рӯзи 1 декабр ба ин сӯ дар Ереван ҳамоишҳову раҳпаймоиҳои шабонарӯзӣ идома доштанд.

Ба иттилои полис ва Комиссиюни марказии интихобот, раванди раъйдиҳӣ даро чаҳорчӯби қонун мегузарад.

Ҳамзамон бо раъйпурсӣ рӯзи якшанбе дар шаш вилояти Арманистон интихоботи мақомоти маҳаллӣ низ мегузарад. Раъйпурсиро беш аз се ҳазор нозирони маҳаллӣ ва 116 нозири байнулмилалӣ назорат мекунанд. Беш аз дувуним миллион шаҳрвандони Арманистон ҳаққи ширкат дар овоздиҳиро доранд.

XS
SM
MD
LG