Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бар асари таркиши мудҳиш волии вилояти Адани Яман ва шаш тан аз муҳофизони ӯ ба ҳалокат расиданд. Мақомоти амниятии Яман мегӯянд, дар ҳоле, ки волӣ Ҷафъар Муҳаммад Саъд субҳи рӯзи 6 декабр сӯи дафтари кор мерафт, дар роҳи корвони мошинҳои ӯ дар мавзеи Рембои ин шаҳри бандарӣ таркиш рӯй дод.

Чанд моҳ пеш нерӯҳои ҳукумати Яман бо кӯмаки Эътилофи таҳти фармони Арабистони Саъудӣ шибҳанизомиёни ҳӯсиро ад шаҳри бандарии Адан берун карда буданд. Аммо гурӯҳи “Ал-Қоида дар нимҷазираи Араб ҳанӯз ҳам дар Адан ҳузур дорад ва барои ишғоли манотиқи ҷануб ва шарқи Яман талош мекунад.

Рӯзи 5 декабр мусаллаҳони ниқобпӯши савори мотосикл дар ҳамлаҳои алоҳида полковники хадамоти кашфи низомӣ Оқид ал-Ҳодра ва додрас Муҳсин Алвонро ҳадафи тир қарор доданд. Додрас Алвон аз сӯи мусаллаҳони Ал-Қоида дар нимаҷазираи Араб маҳкум ба марг шуда буд.

Масъулияти ҳамла ба волии Аданро гурӯҳи "Давлати исломӣ" бар ӯҳда гирифт.

XS
SM
MD
LG