Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Эрдуғон: Низоъ ба тарҳҳои энерҷӣ таъсир надорад


Низоъ дар робита ба сарнагун кардани ҳавопаймои низомии СУ-24 ба тарҳҳои муштараки энерҷии Туркияву Русия таъсире нахоҳад дошт.

Ин изҳороти раисиҷумҳури Туркия Раҷаб Тайиб Эрдуғон рӯзи 5 декабр дар мулоқот бо соҳибкорони кишвар садо дод. Ягон нишонае мавҷуд нест, ки мушкилот бо Русия ба воридоти газ ба Туркия ва бунёди нерӯгоҳи ҳастаӣ аз сӯи мутахассисони рус таъсире гузошта бошад, изҳор намуд ӯ.

Сарвари Туркия изҳороти баъзе аз мансабдорони рус дар бораи қатъ шудани музокирот оид ба тарҳи "Мавҷи туркӣ"-ро низ рад кард ва гуфт, ки ин тарҳ на бо хоҳиши Маскав, балки бо дархости Анкара мутаваққиф шудааст, зеро мақомоти Русия чанд талаби Туркияро иҷро накардаанд.

Раҷаб Тайид Эрдуғон изҳор намуд, ба маблағи як миллиард доллар кам шудани воридот ба иқтисоди кишвар таъсире нахоҳад кард. Мо манбаъҳои дигарро пайдо мекунем, дар сурати кам шудани интиқоли газ аз Русия ин маводи сӯхтро аз Қатар ва Озарбойҷон харидорӣ хоҳем кард, афзуд ӯ.

Таниш миёни Туркияву Русия баъди рӯзи 24 ноябр аз сӯи ҳавопаймои туркӣ сарнагун шудани ҳавопаймои русии СУ-24 шурӯъ шуд. Анкара мегӯяд, ки ҳавопаймо ҳарими ҳавоии кишварро вайрон кард ва ҳушдорҳоро сарфи назар намуд аз ин рӯ ҳадафи зарбаи мушакӣ қарор гирифт.

Аммо Русия мутмаин аст, ки ҳавопаймои СУ-24 дар фазои Сурия буд ва вориди ҳарими ҳавоии Туркия нашуда буд ва аз ин рӯ Туркия бояд узрхоҳӣ кунад. Раҷаб Тайиб Эрдуғон қаблан изҳор намуд, ки аз вазъи ба вуқӯъпайваста нороҳату андӯҳгин аст ва аммо узрхоҳӣ карданӣ нест, зеро низомиёни турк бар пояи муқаррароти байнулмилалӣ амал намуданд.

XS
SM
MD
LG