Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати се кас дар амалиёте дар Лубнон


Дар амалиёти вижаи хадамоти амниятӣ дар як манзил дар шаҳри Дайр-Аммар, воқеъ дар шимоли Лубнон рӯзи 5 ноябр се нафар ба ҳалокат расиданд.

Хабаргузории Рейтер менависад, ки шахси гумонбар дар терроризм худро тарконд ва ҳамроҳ бо ӯ ҳамсар ва модараш ҳам ҷон бохтанд. Дасти кам даҳ каси дигар, аз ҷумла, чаҳор корманди амниятӣ маҷрӯҳ шуданд.

Амалиёт дар чаҳорчӯби ҷустуҷӯи афроди гумонбар дар ду таркиши маргталабона дар як маҳаллаи тиҷоратии шаҳри Бейрут дар моҳи гузашта сурат гирифт, ки мунҷар ба ҳалокати 44 нафар шуда буд. Масъулияти ҳамларо гурӯҳи “Давдати исломӣ” бар дӯш гирифта буд.

Ҳафтаи гузашта додгоҳи Лубнон 26 нафарро бо иттиҳоми узвият дар ин гурӯҳи террористӣ айбдор кард. 23 нафари онҳо дар даст доштан дар ҳамлаҳои ахири Бейрут муттаҳам шуданд.

XS
SM
MD
LG