Пайвандҳои дастрасӣ

Як фаъоли ҷомеаи шаҳрвандии Қазоқистон тани танҳо аз боздошти ҳомии ҳуқуқи инсон Болатбек Блялов эътироз баён кард.

Азамат Муханови 24-сола бо шиори "Озодӣ ба ҳомии ҳуқуқи инсон Болатбек Блялов!" дар маркази шаҳри Уралск ба майдони Абай, дар наздикии бинои ҳукумати вилояти Қазоқистони Ғарбӣ намоиши эътирозӣ барпо намуд.

Дар ҳоле ки мақомоти Қазоқистон Бляловро ба ангехтани низои иҷтимоӣ ва байниқавмӣ ба воситаи шабакаҳои интернетӣ айбдор мекунанд, Муханов мегӯяд, ҳадафи Блялов ҳимоят аз ҳуқуқи мардум аст ва акнун худи ӯ ба пуштибонӣ ниёз дорад. Муханов ҳамчунин гуфт, ки аз фаъолони дар Остона боздоштшуда - Серикжан Мамбеталин ва Ермек Наримбаев, ки низ ба "барангехтани низои байниқавмӣ" айбдор мешаванд, пуштибонӣ мекунад.

Созмони байналмиллалии дидбони ҳуқуқи инсон Human Rights Watch (HRW) аз Остона даъват кард, ки Болатбек Блялов, Ермек Наримбаев ва Серикжан Мамбеталинро озод кунад.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG