Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Қирғиз ва узбакҳо таҳдидҳои берунаро баррасӣ карданд


4 декабр дар шаҳри Андиҷони Ӯзбекистон ҷаласаи муштараки намояндагони ниҳодҳои марзбонии Қирғизистон ва Ӯзбекистон баргузор шуд. Дар ин бора аз маркази матбуотии Идораи давлатии сарҳадбонии Қирғизистон хабар доданд.

Ҳайати Қирғизистонро дар ин ҷаласа раиси Идораи давлатии марзбонӣ Райимбердӣ Дуйшенбиев ва ҳайати Ӯзбекистонро фармондеҳи Нерӯҳои марзбонии Идораи Амнияти Миллии Ӯзбекистон Рустам Эминҷонов раҳбарӣ мекунанд.

Марзбонони ду кишвар натиҷаи фаъолиятҳои муштарак дар ҳифзи сарҳади миёни Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар соли 2015 ва вазифаҳои асосии ҳамгироӣ ва ҳамкориҳоро дар соли 2016 баррасӣ карданд.

Бо назардошти вазъи сиёсиву низомӣ дар ҷаҳон ва минтақа раҳбарони идораҳои марзбонии Қирғизистон ва Ӯзбекистон ҳамчунин иқдомҳои якҷояи худро барои пешгирӣ аз таҳдидҳои муосир дар сарҳади муштарак тарҳрезӣ карданд.

XS
SM
MD
LG