Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки миллӣ хостори сахттар кардани ҷазои саррофон шуд


Ҷамолиддин Нуралиев
Ҷамолиддин Нуралиев

​Ҷамолиддин Нуралиев - муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон гуфт, ҳадаф аз бастани саррофиҳо танҳо ба низом даровардани бозори табдили асъори хориҷист.

Бонки миллии Тоҷикистон хостори муҷозоти сахттари афроде шудааст, ки берун аз ҳудуди бонкҳо ба ивази асъори хориҷӣ, аз ҷумла доллари Амрико, машғуланд.

Ин нуктаро Ҷамолиддин Нуралиев, муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон, 4 декабр дар як нишасти матбуотӣ дар Душанбе эълон кард. Ӯ гуфт, ин дархости онҳо дар шакли лоиҳаи тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноӣ ва маъмурии Тоҷикистон ба ҳукумати кишвар фиристода шуда, айни ҳол дар дасти баррасист.

Бонки миллӣ дар охири моҳи ноябр дар пайи якбора боло рафтани қурби доллар дар баробари пули миллии сомонӣ қарор кард, ки тамоми нуқтаҳои ивази асъор дар кишвар баста шаванд. Ҳоло мубодилаи асъори хориҷӣ танҳо ба бонкҳо ва ташкилоти қарзӣ дар кишвар иҷозат дода шудааст.

Ҷамолиддин Нуралиев гуфт, то кунун алайҳи 38 тан аз кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъор дар кишвар парванда боз шуда, онҳо ба пардохти ҷаримаҳои калон дар ҳудуди аз 60 000 то 100 ҳазор сомонӣ муваззаф гардидаанд. Ӯ гуфт, ҳадаф аз бастани саррофиҳо на халал ворид кардан ба кори сокинон, балки бештар ба низом даровардани бозори табдили асъори хориҷист.

"Дар бисёре аз кишварҳои Аврупо ва Амрико ҷои махсус барои ивази асъор ҳаст. Мисли мо дар кӯчаҳо тоблу овезон карда, ба мардум хидмат намерасонанд. Мо дар ин бахш сатҳи хидматрасониро беҳтар мекунем, шаффофиятро таъмин менамоем. Бовар надорам, аз ин пас “бозори сиёҳ”-и асъори хориҷӣ пайдо шавад," – таъкид дошт Ҷамолиддин Нуралиев.

Ҷамолиддин Нуралиев дар бораи вазъи бозори асъор ва муҷозоти саррофон
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:45 0:00

Муовини аввали раиси Бонки миллии Тоҷикистон афзуд, аммо якбора бастани саррофиҳо ва рӯ овардан ба бонкҳо барои ивази асъор барои ҳам сокинон ва ҳам бонкҳо мушкил пеш хоҳад овард.

Вале гуфт ӯ, "мо як телефони бовариро дар сомонаи Бонки миллӣ мегузорем, ки вақте мушкил пеш омад, ҳама бо мо тамос гиранд. Ҳадафи мо ин аст, ки мардум аз гирифта гаштани пули нақд худдорӣ кунанд ва бисёртар аз корт истифода намоянд. Пули нақд гирифта гаштан риски зиёд дорад. Дар кишварҳои дигар мардум аз 60 доллар зиёдтар намегиранд. Мардуми мо дар кисаҳояшон то 10 ҳазор доллар гирифта мегарданд."

Ҳоло дар нуқтаҳои мубодилаи асъори бонкҳои Тоҷикистон 1 доллар ба 6 сомониву 82 дирам иваз мешавад. Аммо бисёре аз корафтодагон аз он шикоят доранд, ки дар бонкҳо ба ивази сомонӣ доллар намедиҳанд ва онҳо маҷбур ҳастанд, боз ба афроде рӯ оваранд, ки ба таври ғайрирасмӣ ба ивази асъор машғул буда, аммо мушкили онҳоро ҳал мекунанд.

Ҳафтаи гузашта якбора нархи фурӯши доллар дар саррофиҳо боло рафта, ба 7 сомониву 60 дирам дакка хӯрд. Мақомоти Бонки миллии Тоҷикистон чунин болоравии қурби долларо "сунъӣ" ва "кутоҳмуддат" номида, ба чанд омил, аз ҷумла

- бад шудани вазъи геополитикии ҷаҳон, бинобар воқеаҳои Сурия ва Туркия;

- пастравӣ ва ноустувории нархи нафт ва вобаста ба ин тағйирёбии аз эътидол беруни қурби асъори миллии шарики асосии тиҷории мо - Русия;

- омили мавсимӣ ва вобаста ба он кам шудани вориди асъори хориҷӣ ба ҷумҳурӣ;

- омилҳои равонӣ вобаста ба интизориҳои бад шудани вазъияти ҷаҳон, минтақа ва тағйирёбиҳои минбаъдаи қурб;

- омили ҳаннотӣ аз ҷониби кормандони нуқтаҳои мубодилаи асъор.

XS
SM
MD
LG