Пайвандҳои дастрасӣ

Сару садоҳо дар бораи раҳбари Толибон


Мулло Ахтар Мансур

Мулло Ахтар Мансур

Мақомоти Афғонистон мегӯянд, онҳо талош доранд, то маълум кунанд, ки Мулло Ахтар Мансур-раҳбари Толибон ҳанӯз зинда аст ё баъд аз захмӣ шудан дар як тирандозии байни худи фармондеҳони Толибон дар Покистон кушта шудааст.

Хабаргузориҳо гузориш дода буданд, ки раҳбари Толибон дар ин тирандозӣ ҷароҳати вазнин бардоштааст. Султон Файзӣ-сухангӯи генерал Абдулрашид Дустум-муовини аввали раиси ҷумҳури Афғонистон гуфт: «Мо талош дорем дақиқ кунем, ки Мансур мурда аст ё зинда».

Вай гуфт, ки баъд аз баҳсҳои шадид бо Мулло Абдулло Сардорӣ-фармондеҳи Толибон тирандозӣ сурат гирифтааст ва Мансур дар «ҳолати вазнин» аст.

Аммо Толибон ба таври расмӣ ин гузоришҳоро дар бораи Мансур комилан беасос хонданд. Бо вуҷуди ин, мақомоти расмии хадамоти кашфи Покистон ба хабаргузории Франс Пресс гуфтаанд, ки Мансур «ба таври ҷиддӣ ҷароҳат бардоштааст» ва ба гуфтаи вай, ин кор ҳангоми мулоқот бо фармондеҳони Толибон дар шаҳри Кветтаи Покистон 1 декабр дар ҷараёни тубодули тирандозӣ сурат гирифтааст.

Доктор Абдулло Абдулло-раиси иҷроии ҳукумати Афғонистон гуфтааст, ки ҷароҳати вазини Мансурро тасдиқ мекунад, вале маргашро тасдиқ карда наметавонад.

Мансур чаҳор моҳ пеш раҳбари Толибон муаррифӣ шуд. Он вақт Толибон эътироф карданд, ки Мулло Муҳаммад Умар-раҳбари Толибон дар соли 2013 даргузаштааст.

XS
SM
MD
LG