Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

2000 паноҳҷӯ наҷот дода шуданд


Гурӯҳҳои наҷот 11 қоиқро, ки дар онҳо тақрибан 2000 паноҳҷӯ нишаста буданд, дар обҳои Баҳри Миёназамин наҷот доданд ва ба Италия расонданд.

Дар давоми бештар аз як моҳи охир ин бузургтарин шумораи паноҳҷӯён буд, ки дар роҳ ба сӯи Италия наҷот ёфтанд. Нируҳои соҳилии Италия мегӯянд, ки онҳо тавассути телефони моҳвораӣ аз як қоиқ дар ин бора паём дарёфт кардаанд.

Соли ҷорӣ бештар аз 140 000 муҳоҷир ба Италия ворид шудаанд. Дар маҷмуъ шумораи муҳоҷирон ё паноҳҷӯён, ки ба қаламрави кишварҳои аврупоӣ омадаанд, 900 000 нафарро ташкил медиҳад.

XS
SM
MD
LG