Пайвандҳои дастрасӣ

Як Толиби рус дар Амрико ба ҳабси абад маҳкум шуд


Ирек Ҳамидулин

Ирек Ҳамидулин

Ирек Ҳамидулин-як низомии Русия ва фармондеҳи тонк дар Афғонистон ба ҳабси абад маҳкум шуд. Вай Толибонро дар ҳамла ба нируҳои Амрико раҳбарӣ кардааст.

Моҳи август додгоҳи федеролии Амрико Ҳамидулинро барои кӯмаки модӣ ба терроризм, талоши тахриби ҳавопаймои Амрико, пинҳон доштани истифодаи силоҳи куштори ҷамъӣ бо 15 модда муттаҳам кард.

Қабл аз эълони ҳукми додгоҳ дар Вирҷиния Ҳамидулин аз ҳузури нируҳои Амрико дар Афғонистон интиқод кард ва ҳукуматро муттаҳам сохт, ки ба вай дастур додааст, то ба Русия паём фиристад. Дар ин бора хабаргузории Ассошиейтед Пресс гузориш додааст.

Ҳамидулин гуфт: «Шумо маро ба терроризм муттаҳам мекунед. Ин дуруғ аст. Ман кореро мекунам, ки ба мо Исои Масеҳ фармудааст». Ҳамидулин 55 сола аст ва дар додгоҳ тавассути тарҷумон 15 дақиқа ба забони русӣ сӯҳбат кард.

Вай гуфт: «Ман қонуни шаморо эътироф намекунам. Ман ин додгоҳро эътироф намекунам. Ман аз он безорам».

Ҳамидулин аз сарбозони пешини давраи Шӯравӣ мебошад, ки дар Афғонистон монд ва ба шабакаи Ҳақонии Толибон пайваст. Иддао мешавад, ки вай дар соли 2009 дар вилояти Хуст раҳбарии шӯриши Толибонро бар уҳда доштааст.

XS
SM
MD
LG