Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Дар рейтинги ноябрии ФИФА дастаи миллии футболи Қирғизистон 16 зина боло рафта, ба мақоми 108 расид. Дар ин бора дар сомонаи расмии ФИФА хабар дода шудааст. Дар баҳогузории моҳҳои июл, август, сентябр ва октябр Қирғизистон мақомҳои 155, 156, 146 ва 124-ро соҳиб буд.

«Ин беҳтарин нишондоди мунтахаби миллии Қирғизистон дар рейтинги ФИФА аст. То ин замон нишондоди беҳтарин моҳи августи соли 2006 буд, ки он замон Қирғизистон мақоми 119-ро касб карда буд», - хабар додааст Федератсияи футболи Қирғизистон.

Дар панҷгонаи рейтинги ФИФА Белгия, Аргентина, Испания, Олмон ва Чилӣ зикр шудаанд.

Миёни кишварҳои ИДМ нишондоди беҳтарин аз Русия аст, ки ин кишвар дар мақоми 24 қарор дорад, баъдан Украина, ки дар ҷои 29 аст ва ба ин тартиб Беларус (67), Ӯзбекистон (74), Эстония (93), Латвия (101), Озарбойҷон (117), Туркманистон (119), Гурҷистон(122), Арманистон (123), Литва (126), Қазоқистон (129), Тоҷикистон (148) ва Молдова (155) раддабандӣ шудаанд.

XS
SM
MD
LG