Пайвандҳои дастрасӣ

Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО айтиси қазоқӣ (айтиши қирғизӣ)-ро ба Рӯйхати баррасишавандаи мероси фарҳангии ғайримоддии инсоният ворид сохт. Ин ҷаласа рӯзи чаҳоршанбе дар Намибия баргузор шуд.

Айтис мусобиқаи сурудхонии оқинҳо ё бадеҳасароён аст ва онҳо шеърҳои худро зери садои асбобҳои мусиқии маъмулӣ, назири думбраи қазоқӣ иҷро мекунанд. Мавзӯъро шунавандагон интихоб мекунанд ва он ширкаткунандае ғолиб дониста мешавад, ки завқи бештари мусиқӣ, оҳанги равон ва танзу шӯхӣ дошта бошад.

Соли 2014 ба рӯйхати мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО санъати иҷрои кюии қазоқӣ бо думбра ва навҳаи омода сохтани юртаҳои қазоқиву қирғизӣ ворид гаштанд.

XS
SM
MD
LG