Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Остона дар бораи СУ-24 баҳс накарданд


Дар Остона 3 декабр дар доираи Маҷмааи парлумонии кишварҳои туркзабон конфронси байналхалқӣ доир шуд. Ба ин маҷмаа Озорбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркия шомил ҳастанд.

Дар он рӯз ҳамчунин президенти Русия Владимир Путин ва президенти Туркия Раҷаб Эрдуғон ҳамдигарро ба ҷурмҳои нав айбдор карданд. Аммо дар конфронси Остона, ки таҳти унвони «Давлатдорӣ ва парламентаризм дар Дашти бузург» барпо шуд, расман аз ихтилофи байни Русияву Туркия сухан нарафт.

Президенти Академияи байналхалқии турк Дархон Қидиралӣ, ки дар конфронси Остона ширкат дошт, баҳс нашудани мавзуи Туркияву Русияро ба хосияти илмии конфронс бастагӣ медиҳад.

Ба гуфтаи муовини раиси Маҷлиси бузурги миллии Туркия, Ойдин Аҳмад, 4 декабр низ низои байни Русияву Туркия дар чаҳорумин иҷлосияи навбатии Маҷмааи парлумонии кишварҳои туркзабон баррасӣ нахоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG