Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нахустин бозии Тоҷикистон бо Тайланд доир мешавад


​Тақвими бозиҳои марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2016 оид ба футзал тасдиқ шудааст.

Тақвими бозиҳои марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии Осиё-2016 оид ба футзал, ки аз 10 то 21 феврали соли оянда дар пойтахти Узбакистон -Тошканд - баргузор мешавад, тасдиқ гардид.

Ёдовар мешавем, бар асоси қуръакашӣ, ки рӯзи 2 декабр дар пойтахти Узбакистон доир шуд, мунтахаби Тоҷикистон дар гурӯҳи “С” бо дастаҳои мунтахаби Тайланд, Ветнам ва Тайван рақобат мекунад.

Нахустин бозии мунтахаби Тоҷикистон 11 феврал муқобили тими Тайланд баргузор мешавад. Баъдан футболбозони тоҷик рӯзи 13 феврал бо мунтахаби Ветнам ва дар даври ниҳоии сабқати гурӯҳӣ 15 феврал бо дастаи Тайван бозӣ хоҳанд кард. Ҳамаи бозиҳо бо ширкати мунтахаби Тоҷикистон дар маҷмааи варзишии «Универсал»-и Тошканд баргузор мешаванд.

Бар асоси қуръакашӣ дастаҳо ба чаҳор гурӯҳ тақсим шудаанд. Ҳар як гурӯҳ аз чаҳор даста иборат аст. Аз ҳар гурӯҳ ду дастаи беҳтарин ба даври чаҳорякниҳоии қаҳрамонии Осиё роҳ меёбанд. Дар мавриди ба чорякфинал баромадан рақиби мунтахаби Тоҷикистон аз гурӯҳи «D» мешавад, ки ба он дастаҳои Австралия, Малайзия, Қатар ва Ҷопон дохиланд.

Бояд гуфт, ки панҷ дастаи беҳтарини қаҳрамонии Осиё-2016 дар Узбакистон соҳибони роҳхатҳо барои ширкат дар марҳилаи ниҳоии қаҳрамонии ҷаҳон-2016 оид ба футзал мегарданд, ки аз 10 сентябр то 2 октябр дар Колумбия баргузор мешавад.

Тақвими бозиҳои қаҳрамонии Осиё-2016 оид ба футзал:

Гурӯҳи «А»: Арабистони Саудӣ, Қирғизистон, Лубнон, Узбакистон.

Гурӯҳи «В»: Ироқ, Урдун, Чин, Эрон.

Гурӯҳи «С»: Ветнам, Тайван, Тайланд, Тоҷикистон.

Гурӯҳи «D»: Австралия, Қатар, Малайзия, Ҷопон.

Бозиҳои марҳилаи гурӯҳӣ:

10 феврал (чоршанбе)

16:00 – Ироқ – Чин

16:00 – Лубнон – Қирғизистон

19:00 – Урдун – Эрон

19:00 – Узбакистон – Арабистони Саудӣ

11 феврал (панҷшанбе)

16:30 – Тайланд – Тоҷикистон

16:30 – Ҷопон – Қатар

19:00 – Ветнам – Тайван

19:00 – Австралия – Малайзия

12 феврал (ҷумъа)

16:30 – Чин – Эрон

16:30 – Арабистони Саудӣ – Лубнон

19:00 – Урдун – Ироқ

19:00 – Қирғизистон – Узбакистон

13 феврал (шанбе)

16:30 – Тайван – Тайланд

16:30 – Малайзия – Ҷопон

19:00 – Тоҷикистон – Ветнам

19:00 – Қатар – Австралия

14 феврал (якшанбе)

16:30 – Эрон – Ироқ

16:30 – Чин – Урдун

19:00 – Узбакистон – Лубнон

19:00 – Қирғизистон – Арабистони Саудӣ

15 феврал (душанбе)

16:30 – Ҷопон – Австралия

16:30 – Малайзия – Қатар

19:00 – Тайланд – Ветнам

19:00 – Тайван – Тоҷикистон

Бозиҳои 1/4 ниҳоӣ

17 феврал (чоршанбе)

16:00 – 1 «А» — 2 «В»

16:00 – 1 «С» — 2 «D»

19:00 – 1 «В» — 2 «А»

19:00 – 1 «D» — 2 «С»

Плей-офф барои ҷойи 5-ум

18 феврал (панҷшанбе)

16:00 – Мағлубшудаи 1 «А»/2 «В» — Мағлубшудаи 1 «С»/2 «D»

16:00 – Мағлубшудаи 1 «В»/2 «А» — Мағлубшудаи 1 «D»/2 «С»

19 феврал (ҷумъа)

Бозӣ барои ҷойи 5-ум

16:00 – Ғолиби 1 «А»-2 «В»/1 «С»-2 «D» — Ғолиби 1 «В»-2 «А»/1 «D»-2 «С»

Бозиҳои 1/2 ниҳоӣ

16:00 – Ғолиби 1 «А»/2 «В» — 1 «С»/2 «D»

19:00 – Ғолиби 1 «В»/2 «А» — 1 «D»/2 «С»

21 феврал (якшанбе)

16:00 – Бозӣ барои ҷойи севум

19:00 – Бозии ниҳоӣ

XS
SM
MD
LG