Пайвандҳои дастрасӣ

Баргузории Намоишгоҳи зимистонаи ҳунармандӣ дар Тоҷикистон


Рӯзҳои 5 ва 6 декабри соли ҷорӣ дар Маркази Исмоилияи шаҳри Душанбе ба ибтикори Иттиҳодияи Аврупо ва ЮНИСЕФ Намоиши зимистонаи ҳунармандӣ ифтитоҳ хоҳад шуд.

Бино ба иттилои Маҳбуба Абдуллоева, сухангӯи дафтари Иттиҳодияи Аврупо дар Тоҷикистон, ин намоишгоҳ ба Рӯзи ҷаҳонии маъюбон ихтисос дошта ва ҳадафи ин тадбир мусоидат ба ҳамгироии ашхоси маъюб ба ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ҷомеа маҳсуб мешавад.

Дар баёнияи дафтари Иттиҳодияи Аврупо (ИА) омадааст: “Ин тадбир ба ду самти муҳими сиёсати ИА дар Осиёи Марказӣ-дастгирии корхонаҳои хурди ҳунармандӣ ва таҳкими равобити ниҳодҳои ғайридавлатӣ бо ҷомеаи шаҳрвандӣ рабт дорад”.

Дар назар аст, дар ин намоишгоҳ 70 ҳунарманди Тоҷикистон дастранҷҳои худро ба намоиш гузоранд. Ҳамчунин, дар ҳошияи ин тадбир баргузории давраҳои омӯзишӣ оид ба ҳунарҳои гулдӯзӣ, нассоҷӣ, расмкашӣ ва ороишдиҳӣ пешбинӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG