Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди ҳайати Комиссияи Аврупо аз Оҷонсӣ


Як ҳайат аз Комиссияи Аврупо аз марказҳои таълимӣ ва кинологии Оҷонсии назорати маводи мухаддири Тоҷикистон боздид кардааст. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ин Оҷонсӣ, фаъолияти ин марказҳо барои омода кардани мутахассисони кинолог ва таълими сагҳои хидматӣ барои ошкор кардани маводи мухаддир марбут аст.

Ба қавли манбаъ, барои меҳмонон баромади намоишии сагҳои хидматӣ оид ба кофтукоб ва ошкор кардани маводи мухаддир дар махфигоҳҳои шартӣ пешниҳод шудааст. Зимнан, ҳайати шашнафарии иборат аз намояндагони Комиссияи Аврупо ва ширкати олмонии “Paticip GmbH” ба манзури санҷиши муҳимият, самаранокӣ, таъсир ва устувории кумакҳои Иттиҳодияи Аврупо дар солҳои 2007-2014 ва тавсеаи ҳамкориҳо бо вазорату идораҳои ҳифзи ҳуқуқ вориди Тоҷикистон шудаанд.

XS
SM
MD
LG