Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳудуди ним млн доллар "пора" дар қазияи раҳбари собиқи УКС


Маркази тиббии "Пойтахт-90"

Маркази тиббии "Пойтахт-90"

Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия мегӯяд, Саидшариф Анваров ва шаш ҳамроҳи ӯ ба як мансабдори ин ниҳод 448 ҳазору 700 доллар "пора" пешниҳод кардаанд.

Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ҷузъиёти боздошти Саидшариф Анваров, раҳбари собиқи муассисаи давлатии "Раёсати сохтмони асосӣ"-и Душанбе ё УКС-ро ошкор кард. Мақомоти ин ниҳод 4 декабр гуфтанд, ки ҳамроҳ бо Анваров шаш нафари дигар боздошт шуда, тафтиши қазияашон идома дорад. Ҳамаи ин афрод ба "исрофкорӣ" ва "изофанависӣ" дар сохтмони Маркази тиббии “Пойтахт-90”​ ва пешниҳоди ришва ба шахси мансабдор муттаҳам мешаванд. Алайҳи онҳо бар асоси моддаи 320-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз гардидааст.

Аз шаш ҳамроҳи раҳбари собиқи УКС-и Душанбе, Фазлиддин Маҳмудов ва Фирӯз Раҳмонов - раис ва муовини раиси "Тоҷикколхозсохтмон", Тоҳирҷон Тағоев – раҳбари "Жилестрой", Олим Саидов - раҳбари ПМК-278, Тоҳирҷон Мирзоҷонов – раҳбари ширкати "Хонасоз-4" ва Қосим Фатҳуллозода - раҳбари "Саманд 2010" ном бурда мешавад.

Ба иттилои дафтари матбуоти Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, боздошти Саидшариф Анваров ва ҳамроҳони ӯ баъди як санҷиши расмӣ бо амри Рустами Эмомалӣ дар сохтмони Маркази тиббии “Пойтахт-90” сурат гирифтааст. "Дар иншооти бемористони "Пойтахт-90" санҷиши фаъолияти молиявӣ ва хоҷагӣ анҷом дода шуд. Зимни гузарондани санҷиш тасарруфи молу мулки ғайр, барзиёд нишон додани корҳои сохтмонӣ ва исрофкорӣ сабт гардид," -- афзуд дафтари матбуоти Оҷонсӣ.

Ин ниҳод мегӯяд, дар нимаҳои моҳи октябри соли ҷорӣ Саидшариф Анваров ва ҳамроҳони ӯ нақшаи пешниҳоди "пора" ба як мансабдори Оҷонсиро кашида ва аз ин тариқ хостаанд худро раҳо бикунанд. "17 ноябр дар натиҷаи чорабинии фаврии маъмурони Оҷонсӣ миёнарав Фирӯз Раҳмонов ҳангоми ба сифати пора додани 448 ҳазору 700 доллари амрикоӣ дастгир карда шуд," -- мегӯяд манбаъ.

Маркази тиббии “Пойтахт-90” дар канори Маркази диагностикист, ки дар майдони 11 гектар дар маҳаллаи 46-ум дар хиёбони Неъмат Қаробоев сохта шуда, аз ҷумла як бемористон бо 650 кат ва як поликликлина барои қабули 800 мариз дар як басти кориро дар бар мегирад.

Барои сохтани ин маркази бузурги тиббӣ аз буҷаи шаҳри Душанбе 500 миллион сомонӣ ҷудо шуда буд ва “Пойтахт-90” бояд то поёни соли равон ба истифода дода шавад. Тоза дар моҳи октябри соли ҷорӣ парлумони Тоҷикистон воридоти дастгоҳҳои тиббӣ ба ин маркази тиббиро аз масъулияти пардохти боҷу хироҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши изофа озод карда буд.

УКС – раёсати сохтмони асосии шаҳрдории Душанбе – як мӯҳраи хеле муҳим дар риштаи сохтмони пойтахти Тоҷикистон ба шумор меравад. Нақши ин ниҳод бахусус дар солҳои охир, ки шаҳри Душанбе шоҳиди авҷи сохтмонҳои навбанав шудааст, боло рафт. Аммо хабари боздошти раҳбари собиқи УКС дар ҳоле расонаӣ мешавад, ки ахиран шаҳрдории Душанбе бо судури як қарор сар аз 12 ноябр ҷудо кардани замин барои сохтмонҳои нав дар ҳудуди маҳаллаҳои аҳолинишини пойтахтро то замони таҳияи таҳрири нави Нақшаи генералии рушди Душанбе боздошт.

Як масъули бахши сохтмони шаҳрдории Душанбе қаблан ба Радиои Озодӣ гуфт, таҳрири нави Нақшаи генералӣ таҳия шудааст ва ҳоло дар дасти баррасӣ қарор дорад. Вале ба гуфтаи ӯ, "қарори тавқифи ҷудо кардани қитъаҳои замин барои сохтмонҳои нав ба биноҳое, ки дар чорчӯби Нақшаи генералии кунунӣ дар хиёбони Рӯдакӣ ва кӯчаҳои Нодира, Говоров,4, Айнӣ, Дониш ва Титов сохта мешаванд, ва ҳамин тавр, ба сохтмони биноҳои истиқоматии шахсӣ ва корхонаҳои истеҳсолӣ дахл надорад.”

Нақшаи генералии рушди Душанбе соли 1983 таҳия шуда, таҳрири охиринаш дар соли 2006 тасвиб шуда буд.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG