Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ихроҷи 21 муҳоҷири тоҷик аз Воронеж


Хадамоти приставҳои вилояти Воронежи Русия хабар дод, ки тайи 11 моҳи соли равон аз ҳудуди ин вилоят 211 муҳоҷир, бо шумули 21 шаҳрванди Тоҷикистонро ихроҷ кардаанд. Шумори аз ҳама бештари ихроҷшудаҳо – 157 нафар – шаҳрвандони Узбакистон будаанд. Дар байни ихроҷшудаҳо аз Воронеж ҳамин тавр, 7 муҳоҷири озарӣ, 5 гурҷӣ ва шаҳрвандони Молдова, Алҷазоир, Ветнам, Конго ва Нигерия ҳам будаанд. Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, шумори он шаҳрвандони тоҷик, ки аз ҳаққи сафар ба Русия маҳрум шудаанд, ба 322 000 нафар мерасад.

XS
SM
MD
LG