Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Бино ба гузоришҳо, ҳавопаймоҳои низомии эътилофи зери раҳбарии Амрико шаби гузашта минтақаҳои нафтхезро дар шарқи Сурия, ки зери назорати тундравҳои Давлати Исломӣ қарор доранд, бомбборон карданд.

Нозирони ҳуқуқи башари Сурия ин ҳавопаймоҳоро моли Британия муаррифӣ накардаанд, вале гуфтаанд, ки ин ҳамлаҳо дар минтақаҳои Ҷафра, Танак ва Умари вилояти Дейр-ал-Зор анҷом гирифтааст.

Пештар вазорати дифои Британия тавассути шабакаи Twitter-и худ хабар дод, ки ҳавопаймоҳои низомии Британия чоҳҳои нафти Умарро дар чаҳорчӯбаи мубориза бо тундравҳои Давлати Исломӣ задаанд.

Ҳамлаҳои низомии Британия баъд аз он анҷом гирифт, ки чанд соат пеш намояндагони порламони ин кишвар ба ҷонибдорӣ аз пайвастан ба эътилофи зери раҳбарии Амрико рай доданд.

XS
SM
MD
LG