Пайвандҳои дастрасӣ

Лавров бо Човушоғлу мулоқот мекунад


Сергей Лавров

Сергей Лавров

Сергей Лавров-вазири корҳои хориҷаи Русия 3 декабр дар ҳошияи мулоқоти САҲА дар Белград бо Мавлуд Човушоғлу-вазири корҳои хориҷаи Туркия мулоқот хоҳад кард.

Хабаргузории РИА Новости ин мулоқотро таъйид кард. Як рӯз пеш Лавров гуфт, Човушоғлу “пофишорӣ дорад”, ки дар ҳошияи ҷаласаи САҲА бо ҳам мулоқот кунанд. Лавров гуфт, ки “вай аз ин мулоқот саркашӣ намекунад ва мебинад, ки Човушоғлу чӣ хоҳад гуфт”.

Баъд аз задани ҳавопаймои низомии Русия дар 24 ноябр тавассути Туркия дар марз бо Сурия муносибатҳои миёни Анкараву Маскав сард шудааст. Анкара мегӯяд, ҳавопаймо замоне сарнагун карда шуд, ки ба ҳушдорҳои паёпай гӯш надод ва ҳарими ҳавоии Туркияро нақз кард.

XS
SM
MD
LG