Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳунарманди шоистаи Ӯзбекистон Алӣ Ҳамроев ҳайати ҳакамони 5-умин Ҷашнвораи байналмилалии «Қирғизистон – кишвари филмҳои кӯтоҳ»-ро раҳбарӣ хоҳад кард.

Ин филмсози ӯзбек, ки филмҳои «Комиссари фавқулода», «Гулулаи ҳафтум», «Инсон аз пайи парандаҳо меравад», «Ҷонпос» ва ғайраро офаридааст, аз соли 1988 ба ин сӯ дар Итолиё ба сар мебарад. Вай дар соли 1998 дар бораи фармондеҳи ӯзбек Абдулрашид Дустум филми ҳуҷҷатӣ ба навор гирифтааст.

Барои муҳокима ба ҳайати ҳакамон 13 филми бадеӣ ва ҳуҷҷатии истеҳсоли кишварҳои Осиёи Марказӣ, Афғонистон, Гурҷистон, Русия, Украина, кишварҳои соҳили Балтик пешниҳод шудааст. Ғолибон дар бахшҳои «Беҳтарин филм», «Беҳтарин коргардон», «Ҷоизаи махсуси ҳакамон» ва «Ҷоизаи интихоби мардумӣ» рӯзи 15 декабр эълон хоҳанд шуд.

XS
SM
MD
LG