Пайвандҳои дастрасӣ

Рӯзноманигори зиндонӣ дар Озарбойҷон Хадича Исмоилова бо ҷоизаи «Қаҳрамони Холм», ки аз ҷониби нашрияи шведии Handels-och-Sjofarstidning таъсис шудааст, қадрдонӣ шуд.

Ҷоизаи «Қаҳрамони Холм» ҳамасола ба ҳомиёни ҳуқуқи инсон, ки озодии худро қурбон мекунанд ва гоҳҳо барои ҳуқуқ ва озодиҳои дигарон кушта мешаванд, тақдим мегардад. Қаблан ин ҷоиза ба корманди собиқи Оҷонсии амнияти миллии ИМА Эдвард Сноуден ва муассиси сомонаи Викиликс Ҷулиан Ассанж ва дигарон тақдим шуда буд.

Хадича Исмоилова бо иттиҳоми саркашӣ аз супоридани андоз ва қаллобӣ ба 7,5 соли зиндон маҳкум шуд. Фаъолони ҳуқуқи башар бар инанд, ки сабаби аслии маҳкум шудани Хадича – ошкорсозии фасод дар миёни мақомдорони болоии Озарбойҷон аст.

XS
SM
MD
LG