Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Путин дар сафараш ба Қрим барқ ваъда кард


Владимир Путин дар Қрим, 2 декабр
Владимир Путин дар Қрим, 2 декабр

Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия дар ҷараёни боздиди ғайриинтизори худ аз нимҷазираи баҳсбарангези Қрим 2 декабр қавл дод, ки ба ин минтақа барқ хоҳад дод.

Путин дар маросими оғози кашидини хати барқ аз зери об ширкат ҷуст ва онро “пули барқӣ” номид, ки нируи барқро ба ин нимҷазираи Баҳри Сиёҳинтиқол медиҳад. Ин нимҷазира барқи худро аслан аз Украина мегирад.

Путин ҳамчунин эълон кард, ки то соли 2018 Қрим истиқлоли энержӣ ба даст хоҳад овард. Вай гуфт, дар солҳои 2017-2018 Қрим нисбат ба барқе, ки аз Украина мегирад, бештар соҳиби барқ хоҳад шуд.

Ин минтақаи дорои ду миллион аҳолӣ замоне аз барқ маҳрум шуд, ки дар охири моҳи гузашта дар Украина 4 пояи барқ ё симчӯбро тарконданд.

Масъулияти ин харобкориро касе бар уҳда нагирифт. Мақомоти Русия ва Қрим Украинаро масъули ин кор медонанд, вале Киев мегӯяд, ки сабаби таркиши пояҳои барқро намедонад.

XS
SM
MD
LG