Пайвандҳои дастрасӣ

219 ҷинояти дорои хусусияти экстремистӣ дар Хатлон


Мақомоти интизомӣ дар вилояти Хатлон мегӯянд, ки давоми даҳ моҳи аввали соли ҷорӣ дар ин вилоят 219 ҷинояти хусусияти экстремистидошта сабт шудааст. Ин матлабро Маҳмадалӣ Салимов, сардори Хадамоти пешгирии ҳуқуқвайронкунии байни ҷавонон ва ноболиғони Раёсати корҳои дохилии дар Хатлон рӯзи 2 декабр зимни як нишаст дар Қӯрғонтеппа баён кардааст.

Ӯ ҳамзамон гуфтааст, ки 230 сокини вилоят ҳамчун гумонбар ба узвият дар ҳизбу созмонҳои мамнӯъ муайян ва мушаххас шудаанд. Аз ин ҳисоб, ба гуфтаи ӯ, 9 нафари ин афрод ба гурӯҳи мамнӯи "Ансоруллоҳ", 4 нафар ба Ҳаракати Исломии Узбакистон, 6 кас ба ҳаракати Толибон, 1 нафар ба танзими "Ал-Қоида", 10 тан ба равияи Салафия, 2 нафар ба "Гурӯҳи 24" шомил мебошанд. Ба гуфтаи ин манбаъ, 196 нафар аз ин минтақа дар амалиётҳои ҷангии кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла Сурия ва Ироқ, 1 нафар дар Покистон ва як нафар дар Афғонистон ширкат доштаанд.

Аз ин шумора 28 нафар боздошт шуда ва нисбати 218 нафарашон кофтуков эълон шудааст. Мақомот мегӯянд, ки танҳо аз минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон дар ҳоли ҳозир дар ҷангҳои Сурия наздик ба 60 тан ширкат доранд. 10 нафар аз ин минтақа дар Сурия кушта шудаанд.

XS
SM
MD
LG