Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Таҳдиди бе ҷои кор мондан ба 2200 нафар дар корхонаи тилои "Зарафшон"


Дар сурати идома пайдо кардани мушкили молии корхонаи муштараки тилои Тоҷикистону Чин дар ноҳияи Паҷнакент беш аз ду ҳазор нафар ҷойи кори худро аз даст хоҳанд дод.

Масъулони корхонаи муштараки тилои Тоҷикистону Чин, маъруф ба "Зарафшон" мегӯянд, ки дар пайи идома кардани мушкили молӣ дар ин корхона беш аз 2 ҳазору 200 нафар ҷойи корашонро аз даст медиҳанд. Бахтиёр Рабиев, сардори бахши фаннӣ ва истеҳсолоти корхонаи тилои "Зарафшон", 3 декабр ба Радиои Озодӣ гуфт, суратҳисоби ин корхона аз сӯи Кумитаи андоз баста шуда, онҳоро дар рӯ ба рӯи муфлисшавӣ қарор додааст.

"Агар вазъ дар ҳамин рӯз ислоҳ нашавад, зарурати ба рухсатӣ фиристодани садҳо коргар пеш меояд. Як рӯзи кори мо ба истеҳсоли 8 кило тило баробар аст ва тайи як ҳафта боз аслан тило истеҳсол намешавад ва барои коркард маъдан низ вуҷуд надорад," -- афзуд ӯ.

Мақомот далели бастани суратҳисоби корх​онаи тавлиди тило дар Панҷакентро ба 200 миллион сомонӣ қарзаш аз андоз рабт медиҳанд. Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон гуфт, ки аз вазъи пешомада дар ин корхона огоҳ аст ва барои ҳалли бӯҳрони он талош дорад.

Бахтиёр Рабиев мегӯяд, тайи як ҳафта гузашта кор дар кони "Таррор" ва "Ҷилав"-и ин корхона қатъ шудааст ва агар вазъи буҳронии онҳо ҳал нашавад, нақшаи солонаи истеҳсоли тило, ки ба 3 тоннаву 100 кило баробар мебошад, зери суол хоҳад рафт.

Дар ҳоли ҳозир Чун Ша Дин, раҳбари корхонаи муштараки тилои Тоҷикистону Чин дар пойтахт қарор дошта, бо намояндагони Кумитаи андоз ва муовинони нахуствазири Тоҷикистон барои ҳалли буҳрони мазкур мулоқот хоҳад кард. Зимнан, рӯзи якшанбеи гузашта Шавкат Бобозода -- вазири саноат ва технологияҳои нав низ ба маҳалли корхонаи тилои "Зарафшон" рафта ва бо вазъияти буҳронии корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин ошно шудааст.

Дафтари матбуоти Вазорати саноат ва технологияҳои нав 3 декабр бо такя ба маълумоти раёсатҳои масъули вазорат ба Радиои Озодӣ гуфт, онҳо дар ҷараёни вазъи пешомада дар корхонаи муштарак ҳастанд ва тамоми талошро ба харҷ медиҳанд, ки фаъолияти онро ба ҳолати пештарааш баргардонанд.

Ин дар ҳолест, ки корхонаи тавлиди тилои "Зарафшон" тайи як моҳи охир барои омода кардани ғизо барои коргарон аз бозорҳои шаҳри Панҷакент 500 ҳазор сомонӣ қарздор шудааст ва дар ҳоли ҳозир тавони баргардондани ин миқдор маблағро надорад. Намояндагони ин корхона мегӯянд, агар мақомоти Тоҷикистон аз пайи ислоҳи вазъ нашаванд, калонтарин корхонаи истеҳсоли тило дар кишвар муфлис хоҳад шуд.

Корхонаи муштараки истихроҷи тилои "Зарафшон" дар соли 1994 бо сармояи ширкати "Commonwealth&British Mineral Ltd"-и Бритониё дар заминаи корхонаи истихроҷи тилои даврони шӯравии пешин дар ноҳияи Панҷакент таъсис шудааст, ки 49 дарсади фоидаи онро Тоҷикистон ва боқимондаашро ширкати бритониёӣ мегирифт. Ҳамакнун қисме ин корхонаро ширкати Zijin Mining Group-и Чин харидорӣ карда, 75 дарсади саҳмияҳои онро дар ихтиёр дорад ва 25 дарсади боқимонда моли давлати Тоҷикистон аст.

Намоиши шарҳҳо

XS
SM
MD
LG