Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Нисбати вазирони собиқи мудофиаи Қирғизистон Таалайбек Омуралиев ва Абибила Кудайбердиев, муовини собиқи вазири мудофиа ва бархе аз мақомҳои вазорати мудофиаи ин кишвар парвандаҳои ҷиноии нав боз шудаанд.

Дар ин бора Идораи зиддифасоди Кумитаи давлатии амнияти миллии Қирғизистон рӯзи 2 декабр хабар дод.

Парвандаҳо тибқи моддаҳои "Сӯйистифода аз мақоми хидматӣ", "Истифодаи ғайриқонунии маблағҳои буҷавӣ" ва "Азхудкунӣ ва ё сарфи беҳудаи моликияти ба боварии онҳо додашуда" боз карда шудаанд.

Дар Идораи зиддифасоди КДАМ афзуданд, ки дар Кумитаи давлатии корҳои мудофиа фасод дар истифодаи ғайриқонунии маблағҳои будҷавӣшакли доимӣ ва муназзам будааст. Дар парвандаҳои нав сухан аз дуздии даҳҳо миллион доллар меравад.

XS
SM
MD
LG