Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Песков: Густариши НАТО беҷавоб намемонад


Дмитрий Песков

Дмитрий Песков

Кремл изҳор намуд, ки даъвати Черногория ба НАТО-ро бидуни посух намегузорад. Дмитрий Песков, сухангӯи раисиҷумҳури Русия, рӯзи 2 декабр гуфт, Маскав дар ҳама сатҳҳо таъкид мекард, ки идомаи густариши НАТО ба Шарқ наметавонад аз сӯи Шарқ беҷавоб монад”. Аз ин пеш Русия ба Черногория ҳушдор дод, ки вурудаш ба ин паймони низомиву сиёсӣ чун дасиса арзёбӣ хоҳад шуд.

Вазирони умури хориҷии Паймони НАТО дар нишасти худ дар Брюссел рӯзи 2 декабр дар бораи шурӯи музокирот бо Черногория дар бораи вуруди ин кишвар ба Паймони Атлантикаи Шимол тасмим гирифтанд. Дар ин бора Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг изҳорот нашр кард ва гуфт. «Мо ба Черногория табрик мегӯем. Ин ибтидои паймони хело хуб аст".

Ӯ таъкид намуд, ки ин тасмим ба ҳеҷ ваҷҳ бо Русия иртибот надорад.

Қарор аст Черногория, ки 600 ҳазор аҳолӣ дорад, баъди ду сол 29-умин аъзои Паймони НАТО шавад.

Муовини нахуствазири Черногория Игор Лукшич изҳор намуд, ки даъвати НАТО паёми мусбат барои ҳама кишварҳои ғарби нимҷазираи Балкан аст.

Бори ахир ба НАТО соли 2009 ду кишвар - Албания ва Хорватия аъзо шуда буданд.

Игор Лукшич ваъда дод, ки кишвараш ба ислоҳот, аз ҷумла, дар роҳи мубориза бо фасод ва беҳбуди бахши мудофиа талош хоҳад кард. “Мо омодаем, ки пайваста ва бидуни хастагӣ кор кунем, на ба хотири ба касе маъқул шудан, балки ба хотири беҳтар кордани ҷомеъаамон”, изҳор намуд мувоини нахуствазири Черногория.

XS
SM
MD
LG