Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалқовези 4 ҳамлагар ба мактаби Пешовар


Покистон чаҳор нафарро баро ширкат дар ҳамла ба як мактаби шаҳри Пешовар, ки бар асари он 151 нафар, асосан кӯдакон кушта шуданд, ба дор овехт. Ҳалқовез рӯзи 2 декабр дар маҳбаси марказии шаҳри Коҳат сурат гирифт ва он нахустин иҷрои ҳукми мусаллаҳони гурӯҳи “Толибон” буд, ки рӯзи 16 декабри соли гузашта ба мактаби таҳти назорати артиш ҳамла карданд.

Ҳамаи чаҳор нафар рӯзи 13 август маҳкум ба эъдом шуда буданд. Онҳо дар мурофиа гуфтанд, ки аъзои гурӯҳи Тавҳилвал Ҷиҳод, як бахши қаблан номаълуми ҷунбиши “Толибон”-ананд. Ба иттилои расмӣ, 9 нафар аз ҳамлагарон баъди аз сӯи артиш муҳосира шудани мактаб кушта шуда буданд.

Ҳамла ба ин мактаб Покистонро такон дод ва ҳукуматро барои ташдиди мубориза бо ифротгароӣ, аз ҷумла, лағви мораторий барои ҳукми эъдом водор кард.

Пайвандони қурбониёни ҳамла аз иҷрои ҳукми эъдом хуш истиқбол карданд. Воҳид Анҷум, ҷавони 18-сола дар он ҳамла ҷон ба саломат бурда буд, ба хабаргузории AFP гуфт, мо мехоҳем, ки дигар муҷримон ҳам боздошт шаванд ва касе аз онҳо беҷазо намонад. Дар он ҳамла Анҷум ба ҳар ду даст ва сари синааш тир хӯрда буд.

XS
SM
MD
LG