Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

НАТО Черногорияро ба Паймон даъват кард


Йенс Столтенберг бо вазири дифои Черногория Милика Пеҷанович ва муовини нахуствазири кишвар Игор Лукшич дар Брюссел

Йенс Столтенберг бо вазири дифои Черногория Милика Пеҷанович ва муовини нахуствазири кишвар Игор Лукшич дар Брюссел

Вазирони умури хориҷии Паймони НАТО дар нишасти худ дар Брюссел рӯзи 2 декабр дар бораи шурӯи музокирот бо Черногория дар бораи вуруди ин кишвар ба Паймони Атлантикаи Шимол тасмим гирифтанд. Дар ин бора Дабири кулли НАТО Йенс Столтенберг изҳорот нашр кард ва гуфт. «Мо ба Черногория табрик мегӯем. Ин ибтидои паймони хело хуб аст".

Муовини нахуствазири Черногория Игор Лукшич изҳор намуд, ки даъвати НАТО паёми мусбат барои ҳама кишварҳои ғарби нимҷазираи Балкан аст.

Қарор аст Черногория, ки 600 ҳазор аҳолӣ дорад, баъд аз ду сол 29-умин аъзои Паймони НАТО шавад.

Бори ахир ба НАТО соли 2009 ду кишвар - Албания ва Хорватия аъзо шуда буданд.

Русия, мухолифи сарсахти густариши Паймони НАТО, ахиран ба Черногория ҳушдор дод, ки вурудаш ба ин паймони низомиву сиёсӣ чун "дасиса" арзёбӣ хоҳад шуд.

Игор Лукшич дар нишасти Брюссел ваъда дод, ки кишвараш ба ислоҳот, аз ҷумла, дар роҳи мубориза бо фасод ва беҳбуди бахши мудофиа талош хоҳад кард. “Мо омодаем, ки пайваста ва бидуни хастагӣ кор кунем, на ба хотири ба касе маъқул шудан, балки ба хотири беҳтар кордани ҷомеъаамон”, изҳор намуд мувоини нахуствазири Черногория.

XS
SM
MD
LG