Пайвандҳои дастрасӣ

Раиси Иттифоқи адвокатҳо аз ҳаққи вакилӣ маҳрум шуд


Анҷумани вакилони мудофеъ. Моҳи сентябри 2015

Анҷумани вакилони мудофеъ. Моҳи сентябри 2015

Комиссияи тахассусии Вазорати адлия, ки тамоми вакилони мудофеъро санҷиш карда ва сипас барои фаъолияташон иҷоза медиҳад, раиси Иттифоқи адвокатҳоро аз ҳаққи вакилӣ маҳрум намудааст.

Комиссияи тахассусии Вазорати адлияи Тоҷикистон Саидбек Нуриддинов -- раиси Иттифоқи адвокатҳоро аз фаъолияти вакилӣ маҳрум кардааст. Оқои Нуриддинов дар моҳи сентябри соли ҷорӣ дар анҷумани вакилони мудофеъ ба ин мақом интихоб шуда буд. Ӯ 2 декабр дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, комиссия қарорашро нисбат ба ӯ рӯзи сешанбе эълон намудааст.

Комиссияи тахассусии Вазорати адлияи Тоҷикистон аз оғози ҳафтаи ҷорӣ ба санҷиши адвокатҳо барои дарёфти мақоми вакилӣ шурӯъ кард. Ин тасмим ба дунболи тасвиби тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи фаъолияти вакилони мудофеъ дар Тоҷикистон гирифта шудааст. Ин тағйиру иловаҳоро вакилони Маҷлиси Намояндагонрӯзи 4 ноябр қабул карданд. Аъзои ин комиссия аз ҳисоби кормандони Вазорати адлия, Донишгоҳи миллӣ ва Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон иборатанд.

Як намояндаи Комиссияи тахассусии адвокатҳои Вазорати адлияи Тоҷикистон ба шарти ифшо нашудани номаш ба Озодӣ гуфт, қазияи Саидбек Нуриддинов ба ҳодисаи соли 1997 бармегардад, ки ӯ он вақт ба ҳайси додарси Додгоҳи Исмоили Сомонӣ фаъолият доштааст. "Ӯро барои вайрон кардани савганди додрасияш бо фармони раисиҷумҳур аз кор гирифта буданд. Нуриддинов соли 1997 ҳангоми баррасии як парвандаи ҷиноӣ кӯшиши тағйир додани парвандаро карда будааст. Барои ҳамин, ба ӯ мақоми вакилӣ дода нашуд," -- афзуд мусоҳиби мо.

Гуфта мешавад, агар комиссияи тахассусӣ мақоми адвокатии Саидбек Нуриддиновро дар пайи муроҷиати ӯ дубора тамдид накунад, вай аз фаъолияти вакилӣ ва ҳам аз вазифаи раиси Иттифоқи адвокатҳои Тоҷикистон маҳрум хоҳад шуд.

Саидбек Нуриддинов мегӯяд, 18 сол собиқаи адвокатӣ дорад ва бар асоси қонунҳои Тоҷикистон ҳамчун вакили мудофеъ фаъолият доштааст. Ӯ гуфт, “як гурӯҳи манфиатдор бо рад шудани мақоми адовкатии ӯ аз тарафи Комиссияи тахассусӣ мехоҳанд ӯро вазифаи аз раиси Иттифоқи адвокатҳо барканор кунанд.”

Нуриддинов афзуд, “имрӯз, 2 декабр, ба вазири адлияи Тоҷикистон барои шарҳи масъалаи мазкур ариза пешниҳод кардаам ва бо ин амали Комиссияи тахассусӣ комилан розӣ нестам. Мехоҳам масъалаи пешомадаро бо вазир баррасӣ кунам.”

Ҳоло дар Тоҷикистон ҳудуди 2 ҳазор адвокат ё вакили мудофеъ фаъолият доранд. Дар пайи тасвиби тағйиру иловаҳо ба қонун дар бораи фаъолияти вакилони мудофеъ бархе аз онҳо гуфтанд, ки ин қонун назорат аз болои корашонро шадидтар карда, бештар роҳи халосӣ аз вакилони "гапнодаро" ва ё вакилони парвандаҳои пурсарусадост. Бар асоси ин тағйиру иловаҳо, афроди дорои душаҳрвандӣ ва вакилони мудофеи маҳкумшуда дар Тоҷикистон низ аз ҳаққи идомаи фаъолияти адвокатӣ маҳруманд.

Ба иттилои созмонҳои байнулмилалии ҳомии ҳуқуқи башар тайи ду соли гузашта дар Тоҷикистон чор вакили мудофеъ, ки дар парвандаҳои пурсарусадо иштирок доштанд, боздошт шудаанд. Яке аз ин вакилон ​Шӯҳрат Қудратов гуфта мешавад, ки дар гузашта аз ҳаққи соҳибкор ва раҳбари зиндонии “Тоҷикистони нав” Зайд Саидов ҳимоят мекард. Акнун тағйироти қабулшуда ба ӯ имкон нахоҳад дод, ки баъд аз раҳоияш аз зиндон ба фаъолияти вакилӣ идома диҳад.

Ҳоло Бузургмеҳр Ёров, яке дигар аз вакилони мудофеи шинохта, ки моҳи сентябр аз ҳаққи аъзои боздоштшудаи ҳизби инак мамнӯи наҳзати исломӣ дифоъ мекард, дар боздошт қарор дорад. Мақомот ӯро низ дар қаллобӣ ва сохтакории аснод муттаҳам медонанд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG