Пайвандҳои дастрасӣ

Обама Русияву Туркияро ба оштӣ даъват кард


Барак Обама

Барак Обама

Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико аз Туркияву Русия хостааст, ки баъд аз задани ҳавопаймои низомии Русия муносибатҳои худро мутташанниҷ насозанд. Обама ин суханонро баъд аз мулоқот бо Раҷаб Тайип Эрдуғон-раиси ҷумҳури Туркия 1 декабр дар ҳошияи конфронси тағири иқлим дар Пориси Фаронса изҳор дошт.

Обама гуфт, “Амрико аз Туркия барои дифоъ аз худаш ҳимоят хоҳад кард”. Вале Обама изҳор дошт, ки тундравҳои Давлати Исломӣ душмани ҳамаи ҷонибҳо мебошанд ва ҳама бояд бар зидди онҳо мубориза баранд.

Баъд аз задани ҳавопаймои низомии Русия ин кишвар иддао дорад, ки ҳавопайморо дар ҳарими ҳавоии Сурия задаанд.

Аҳмад Довутоғлу-нахуствазири Туркия хостори боз кардани каналҳои гуфтугӯи миёни Туркия ва Русия шуд, то аз ҳодисаҳое мисли сарнагун сохтани ҳавопаймоии низомии Русия пешгирӣ ба амал ояд.

XS
SM
MD
LG