Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Довутоғлу иддаои Русияро "сарпӯш"-е беш намедонад


Аҳмад Довутоғлу

Аҳмад Довутоғлу

Аҳмад Довутоғлу-нахуствазири Туркия Русияро муттаҳам кард, ки мехоҳад нақзи ҳарими ҳавоии Туркияро пинҳон дорад. Русия иддао мекунад, ки Туркия ғайриқонунӣ аз қаламрави Давлати Исломӣ дар Сурия ба Туркия нафт интиқол медиҳад.

Владимир Путин-раиси ҷумҳури Русия даъво мекунад, ки Туркия барои маҳрум нашудан аз даромадҳои нафти қаламрави зери контроли тундравҳои Давлати Исломӣва ҳимоят аз ин суди худ ҳавопаймои Русияро сарнагун сохтааст.

Аҳмад Довутоғлу мегӯяд, Русия ин иддаоро ҳамчун сарпӯш барои пинҳон доштани нақзи ҳарими ҳавоии Туркия истифода мекунад.

XS
SM
MD
LG