Пайвандҳои дастрасӣ

Мулоқоти Э.Раҳмон бо раҳбарони Аврупо


Эмомалӣ Раҳмон ва Федерика Могерини

Эмомалӣ Раҳмон ва Федерика Могерини

Раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, ки бо сафаре дар Аврупо ба сар мебарад, дар нимаи дуюми рӯзи 1 декабр дар Брюссел бо президенти Иттиҳодияи Аврупо Доналд Туск мулоқот кард. Дар ин дидор вазъи кунунӣ ва дурнамои равобити Тоҷикистону Иттиҳодияи Аврупо баррасӣ шудаанд. Эмомалӣ Раҳмон гуфтааст, "Тоҷикистон дар таҳкими робитаҳо бо Иттиҳоди Аврупо, ниҳодҳои гуногуни он ва тамоми кишварҳои узви ин ниҳод манфиатдор аст ва мо Иттиҳодияи Аврупоро ҳамчун шарики муҳим ва боэътимоди хеш дар арсаи байналмилалӣ мешуморем."

Эмомалӣ Раҳмон қаблан дар Брюссел бо раҳбари идораи сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Федерика Могерини ҳам мулоқот кард. Оқои Раҳмон рӯзи 3 ноябр дар Порис дар анҷумани ҷаҳонии муҳити зист ширкат ва суханронӣ карда буд. Ӯ дар ин анҷуман аз асароти тағйири иқлим ба муҳити зисти Тоҷикистон сухан ронд ва аз ҷумла гуфт, гарм шудани ҳавои сайёра боиси аз байн рафтани тақрибан 1000 пирях аз 14 000 прияхи кӯҳҳои Тоҷикистон – як манбаи умдаи таъмини оби дарёҳои Осиёи Марказӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG