Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳукми ду сарбози пойгоҳи 201 бе тағйир монд


Додгоҳи Илдар Сахапов ва Федор Басимов

Додгоҳи Илдар Сахапов ва Федор Басимов

Додгоҳи олии Русия ҳукми додгоҳи ҳавзаи Урал нисбат ба Илдар Сахапов ва Федор Басимов - сарбозони пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистонро бетағйир гузоштааст. Ин ду сарбози Русия моҳи августи соли ҷорӣ дар қатли таксирони тоҷик Раҳимҷон Тешабоев айбдор шуда, аз 13 то 17 сол равонаи зиндон гардиданд. Онҳо мӯҳлати ҷазояшонро дар зиндонҳои Русия сипарӣ хоҳанд кард.

Илдар Сахапов ва Федор Басимов соли гузашта баъд аз он боздошт шуданд, ки шаби 19 август ҷасади сарбуридаи Раҳимҷон Тешабоев аз назди кӯле дар қарибиҳои деҳаи Чимтеппаи ноҳияи Рӯдакӣ пайдо шуд. Тешабоев одатан дар назди қароргоҳи пойгоҳи 201-и Русия, дар маҳаллаи "Гипрозем"-и шаҳри Душанбе таксиронӣ мекард. Сахапов ва Басимов барои он дар ин куштор гумонбар дониста шуданд, ки бо Тешабоев додугирифти молӣ доштаанд.

XS
SM
MD
LG